Собиқ Сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ дар синни 86 аз олам даргузашт

Июнь 13, 2023 08:52

ДУШАНБЕ, 13.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ Сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ  дар  86-солагӣ дар Бемористони Сан-Рафаеле дар Милан аз олам даргузашт, дафтари матбуоти ҳизби «Италия ба пеш»-и ӯ ин хабарро тасдиқ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.

Ба иттиллои бемористон, ӯ рӯзи ҷумъа барои муоинаи муқаррарии тиббии марбут ба лейкемияи музмин дар  шифохона  бистарӣ шудааст.

Силвио Берлусконӣ соли 2020 бемории COVID-19-ро  дар ҳолати вазнин гузаронида,  инчунин ҷарроҳии дил ва саратони простатаро  гузаштааст.

Ӯ дар тӯли се даҳсола шахсияти бонуфуз дар сиёсати Италия буд. Байни солҳои 1994 ва 2011 ӯ ба ҳайси Сарвазир чор маротиба ҳукумати Италияро роҳбарӣ намудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 13, 2023 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад