Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар-идомаи роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар ба анҷом мерасад

Июнь 15, 2023 19:56

ДУШАНБЕ, 15.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, идомаи роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар», ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, бо назардошти васеъкунии роҳ дар чор хатти ҳаракат дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилояти Хатлон.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои вобаста ба таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар роҳи  мошингарди Душанбе-Бохтар шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки шоҳроҳи мазкур дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар навбати аввал бештар аз 75 км роҳ, шуруъ аз шаҳри Душанбе то пули дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон таҷдиду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Бояд гуфт, ки сохтмончиён бо имкониятҳои хуби маблағгузорӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур, махсусан ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои грантӣ бо маблағи умумии 3 миллиарду 349 миллион ени японӣ (тақрибан 31 миллиону 829 ҳазор доллари амрикоӣ) бунёди роҳро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ ба анҷом расониданд.

Сохтмони роҳи  мошингарди Душанбе-Бохтар ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказиро бештар намуда, Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ва бандарҳои баҳрӣ пайваст мекунад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулони ширкати «СИ ТИ АЙ» ва пудратчии лоиҳа ширкати «ДАЙ НИППОН»-и кишвари Ҷопон ва ҳамаи сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои роҳсозӣ изҳори сипос намуд.

Таъкид  карда шуд, ки ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин роҳҳои хушсохту замонавӣ, ин беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиёт, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 15, 2023 19:56

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид