ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июн, панҷшанбе, 159-умин рӯзи соли 2023 аст

Июнь 8, 2023 08:00

8 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо: «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» имзо гузоштанд.

***

Дар ин рўзи соли 2018  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.

***

6 сол пеш, дар ин рўзи  соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд.

8 ИЮН:

 Рӯзи байналмилалии уқёнус.

 

РӮЙДОДҲО: 

8 июни соли 2022 баъди анҷоми ҷаласа ва дигар ҳамоишҳо дар доираи Раванди оби Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Лю Женмин барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Номбурдагон Раванди оби Душанберо  натиҷагирӣ карда,  ба хабарнигорон маълумоти муфассал доданд. Гуфта шуд, ки аз натиҷаи Конфронси мазкур Эъломияи Душанбе 2022 қабул гардид.

***

8 июни соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy»-ро, ки дар кӯчаи Туниси пойтахт воқеъ аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 ***

8 июни соли 2011 дар шаҳри Вена-пойтахти Австрия байни Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2022 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол  дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» тими Мянмарро бо ҳисоби 4:0 мағлуб намуд.

***

Соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ва аз байн бурдани хурофоту зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст, қабул гардид.

Июнь 8, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш