«CAFA FUTSAL CUP-2023». Имрӯз дар Душанбе нахустин мусобиқаи футзал таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 23.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи футзал таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оғоз мешавад. Дастаҳои шаш давлати минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза мебаранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар маҷмуъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор мешаванд. Нархи чиптаи бозӣ 20 сомониро ташкил медиҳад.
«CAFA Futsal Cup-2023»
Иштирокчиён:
ТОҶИКИСТОН
Эрон
Узбекистон
Қирғизистон
Туркманистон
Афғонистон
Даври 1
23 июл (якшанбе)
12:00 Қирғизистон – Афғонистон
15:00 Эрон – Туркманистон
18:00 Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 2
24 июл (душанбе)
14:00 Эрон – Қирғизистон
17:00 Узбекистон – Афғонистон
20:00 ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Даври 3
26 июл (чоршанбе)
14:00 Туркманистон – Узбекистон
17:00 Афғонистон – Эрон
20:00 ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Даври 4
28 июл (ҷумъа)
14:00 Эрон – Узбекистон
17:00 Қирғизистон – Туркманистон
20:00 Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5
30 июл (якшанбе)
14:00 Туркманистон – Афғонистон
17:00 Узбекистон – Қирғизистон
20:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






