Даҳаи охири моҳи июл ва моҳи охири тобистон вазъи ҳаво дар Тоҷикистон чи гуна хоҳад буд?

Июль 22, 2023 10:53

ДУШАНБЕ, 22.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи охири моҳи июл ҳарорат дар ҷумҳурӣ нисбат ба рӯзҳои қаблӣ гармтар шуда, дар Душанбе аз 40 то 44 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат то 47 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, даҳаи охири моҳи июл нисбат ба аввал ва миёнаҳои моҳ гармтар ва хушктар пешгӯӣ  мешавад.

Ҷамила Байдуллоева ҳавои моҳи охири тобистон-августро ба обу ҳавои моҳи августи соли 2001 монанд намуд. Ба иттилои ӯ, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд ва дар баъзе ноҳияҳои дигар 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 26+28 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 23 дараҷа  гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 19+24 то 14+19 дараҷа гарм, рӯзона аз 36+41 то 32+37 дараҷа гарм мешавад. Бориш асосан дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ дар назар буда, миқдори моҳонаи онҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0-1 мм, дар доманакӯҳҳо 0,4-3 мм-ро ташкил медиҳад. Боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ эҳтимол дар аввал ва охири моҳ ба амал оянд. Ҳангоми ба амал омадани бориш эҳтимоли шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ чангу ғубор ба амал меояд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 26+27 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15+17 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0,3 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 11-32 мм-ро ташкил медиҳад. Ба амал омадани боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар нимаи аввал ва охири моҳ аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 17+22 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона аз 29+34 то 24+29 дараҷа гарм, шабона аз 13+18 то 10+15 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳудуд ва аз меъёри иқлимӣ кам, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар доираи меъёри 1,2-1,4 мм бебориш дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ охири моҳ ба амал омадани боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 10+12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 6+11 то 2+7 дараҷа гарм, рӯзона аз 18+23  то 12+17 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ дар минтақаҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 22, 2023 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВСИМИ ОББОЗӢ. Агар оббозӣ карда натавонед, кӯшиши ба об даромадан накунед
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ иштирок дорад
Лоиҳаҳои тандурустии Тоҷикистон дар ҷаласаи Бонки исломии рушд муаррифӣ шуданд
Ҷавонон бояд роҳи гузаштагони пурифтихорамонро бо омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои замона идома диҳанд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳамаи иқдом, дастгирию ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири соҳиби илму дониши муосир гардидани ҷавонон аст»
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти ҷавонон тамоми иқдоми заруриро амалӣ менамояд»
23 МАЙ-РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҷавонони тоҷик дар пешрафти илму техника ва ихтироъкорию навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд
Суханронии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати нахустин Рӯзи ҷаҳонии футбол
Дар Душанбе вобаста ба таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми ҳамкории С5+1 ҳамоиш баргузор шуд
ОГОҲӢ. 22-23 май дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон борони пуршиддат дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд