Дар Хатлон баҳри таъмини амнияти сайёҳон ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст

Июль 18, 2023 17:55

 ДУШАНБЕ, 18.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон баҳри бехатарии сайёҳон шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шуъбаи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ мондаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии вилоят хабар медиҳад.

Ҳамзамон ҷиҳати боз ҳам беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, ҷоннок намудани хазматрасонӣ ва ба сайёҳ дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихиву фарҳангии ҳудуди вилоят маводи тарғиботӣ таҳия ва дастраси мутахассисон гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки таъсиси сохтори хизматии ба талаботи замона мувофиқ – Раёсату шуъбаҳои экологӣ ва сайёҳӣ дар  мақомоти корҳои дохилӣ  иқдоми саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ буда, ин ниҳод дар баробари таъмини амнияти экологӣ ва бехатарии муҳити зист ҳамзамон расонидани кумак ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ҳифзи манфиат, пешгирии ҷинояткорӣ  нисбат ба онҳоро дар бар мегирад.

Ногуфта намонад, ки чунин сохтор (политсияи сайёҳӣ) дар бисёр мамлакатҳои пешрафтаи  дунё фаъолият мекунад.

АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 18, 2023 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад