ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2024. Федератсияи байналмилалии ҷудо рӯзҳои баргузории мусобиқаро тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 02.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ҷудо тақвими мусобиқоти соли 2024-ро тасдиқ намуд, ки дар он рӯзҳои баргузории Гран Прии Душанбе низ маълум шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии ҷудо.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, мусобиқа рӯзҳои 3-5 майи соли 2024 баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Гран Прии Душанбе — 2023, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор шуд, 315 варзишгар аз 40 давлати дунё иштирок намуданд.
Аз рӯи натиҷаи мусобиқаи Гран Прии Душанбе — 2023 мунтахаби ҷудои Тоҷикистон мақоми аввалро касб намуд. Варзишгарони мо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷиро ба даст оварданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






