ИМРӮЗ – РӮЗИ МОҲИПАРВАРОН. Моҳиҳои кӯлу обанборҳои Тоҷикистон барои истеъмол мувофиқ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд

Июль 9, 2023 09:51

ДУШАНБЕ, 09.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи дуюми моҳи июл дар ҷумҳурӣ Рўзи моҳипарварон ҷашн гирифта мешавад, ки имсол ба 9 июл рост омадааст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Тавре дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мамлакат  айни замон 372 хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият доранд, ки ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 1451,2 тонна моҳӣ истеҳсол шуда,  дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 487,4 тонна зиёд мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон  нисбат ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир намуда, барои беҳтар намудани  вазъи соҳа якчанд барномаҳо қабул намудааст. Мақсади  Рӯзи моҳипарварон эълон гардидани   якшанбеи дуюми моҳи июл   низ   таъмини  рушди соҳа мебошад .

Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 20 июни соли 2019  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он соҳаи моҳипарварӣ аз 6 намуди андозҳо,  аз ҷумла, андоз аз фоида, андози низоми соддакардашуда, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз молу мулки манқул, ғайри манқул (андоз аз замин), воридоти техника ва технология, инчунин хӯрокаи моҳӣ озод гардида, арзиши об нисбатан поён карда шуд.

Бояд гуфт, ки барои боз ҳам рушд кардани соҳа бо қарори Ҳукумати мамлакат аз  1 марти соли равон аз нав «Барномаи маҷмӯавии рушд соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардидааст, ки дар рушди минбаъдаи соҳаи моҳипарварӣ дар доираи маблағгузориҳо, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ дар ташкили хоҷаги моҳипарварӣ замина хоҳад гузошт.

 Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи моҳипарварӣ ва харгӯшпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ Фаррух Шамсиддинов гуфт, ки Тоҷикистон иқлими нисбатан гарм ва захираҳои обии фаровон дорад. Ин ингуна шароит имкон медиҳад дар самти соҳаи моҳипарварӣ ҷиҳати истеҳсоли гӯшти моҳӣ мамлакатро ба яке аз давлаҳои пешрафта дар Осиёи Миёна табдил диҳад.

«Аз 65 то 70 дарсади обҳои Осиёи Миёна аз Тоҷикистон манбаъ мегиранд ва иқлимаш барои рушди соҳа бисёр мувофиқ аст. Моҳиҳои гармидӯст дар давлатҳое, ки иқлими нисбатан хунук доранд, дар 4-5 солагӣ ба балоғат мерасанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ин нишондод ба 3-4 солагӣ рост меояд, зеро ҷумҳурӣ зиёда аз 260-270 рӯзҳои гарми офтобӣ дорад. Агар моҳипарварони мо парвариши моҳиро мақсаднок ба роҳ монанд, дар натиҷа гӯшти моҳӣ дар як сатҳи муайян истеҳсол мегардад»,-изҳор намуд ӯ.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ,  то ин давра бо истифода аз имтиёзҳои андозӣ ва гумрукии ёдрасшуда  хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва истеҳсоли моҳӣ зиёд гардида, ҳоло хоҷагиҳои моҳипарварӣ 372 адад ва майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ ба 2879 расонда шуд, ки назар ба соли 2018 мутаносибан 95 адад ва 495 гектар бештар мебошад. Ва маҳз афзун гардидани хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба зиёд гардидани истеҳсоли моҳӣ заминаи мусоид гузошт.

Ба гуфтаи Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Наимов ҳоло дар ҷумҳурӣ моҳиҳои гармидӯстдор ва хунукидӯстдор,  аз ҷумла моҳии амури сафед, пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ ва гулмоҳӣ парвариш карда мешаванд. «Ин гуна моҳиҳо ба шароити Тоҷикистон бисёр мувофиқ мебошанд. Ҳамзамон хоҷагиҳои деҳқонӣ- кооперативӣ ва фермерӣ-деҳқоние, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуданд, бештар ба парвариши моҳиҳои гармидӯстдор машғул мебошанд. Ҳоло тамоми кӯшишу ғайрати  роҳбарони хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба он равона карда шудааст, ки  ҳарчӣ бештар истеҳсоли моҳиро зиёд намоянд»,-иброз дошт директори корхона.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар тамоми хоҷагиҳои зотпарварӣ мавсими гирифтани тухми моҳӣ оғоз шудааст.

Сокини шаҳри Душанбе Фотима Саидова аз он изҳор нигаронӣ мекунад, ки нархи гўшти моҳӣ чандон дастрас нест ва на ҳамеша ӯ имкон дорад барои фарзандон худ онро харидорӣ намояд.

«Нисбат ба дигар гўшти ҳайвонот моҳӣ фоидаовар ва барои иинкишофи кӯдакон манфиатбахш аст. Дар бозорҳои ҷумҳурӣ агар хоҳӣ,  ки гўшти моҳии истеҳсоли худӣ ва сифати хуби онро харидорӣ намоӣ нархи 1 киллограми он   70 то 80 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин хотир ман моҳиҳое, ки ях карда шудаву аз Русия ворид шудаанд ва шояд чандон фоидаовар ҳам набошад,  барои нархи дастрас доштанаш, яъне 35-40 сомонӣ буданаш, бештар  мехарам. Агар моҳипарварони мо бештар кӯшиш кунанд,  шояд нархи моҳии худи дар бозорҳои мамлакат арзонтар гардад»,-чунин ибрози назар намуд ҳамсуҳбати мо.

Миралӣ Наимов омили асосии гаронии нархи моҳӣ дар бозорҳои мамлакатро дар хӯрокаи моҳӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ,  «имрӯз Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» кӯшиш намуда истодааст, ки дар мамлакат корхонаҳои хурди истеҳсоли хӯрокҳоро зиёдтар таъсис диҳад. Танҳо  дар ин ҳолат метавон истеҳсоли моҳиҳои хушсифатро зиёд намуда, онро бо  нархи арзон  пешкаши аҳолӣ намуд. Зеро имрӯз барои гулмоҳӣ махсус хӯрокҳои консентратӣ аз хориҷи мамлакат- Эрон, Русия, Голландия, Амрико ворид карда мешаванд, ки ин сабаби гарон шудани нарх мегардад»,- иброз намуд директори корхона.

Бояд гуфт, ки маҳсулоте, ки аз моҳӣ истеҳсол карда мешавад, дар тавлидоти аксар маҳсулотҳои саноатии дигар истифода мегардад ва дар тиб низ истифодаи фаровон дорад. Маҳсулоти моҳӣ дар маҷмӯъ ба саломатии одам фоидабахш буда, дар организм нақши таҷзиякунандагиро мебозад.

Тамоми витаминҳо, макро ва микроэлементҳое, ки барои организми инсон лозим аст, аз ҷумла ретинол, фосфор, оҳан, мис, фтор, кобалт, йод, калсий феролҳо,  витаминҳои гурӯҳи В, сафеда, витамини Е, А, РР, фосфор, рӯҳ ва ғайраҳо дар таркиби гӯшти моҳӣ мавҷуд мебошад. Мувофиқи меъёрҳои физиологӣ,  ҳар як одам бояд, ки дар як сол 9 кг гӯшти моҳӣ истеъмол намояд.

Табибон бар ин назаранд, ки равғани моҳӣ барои одамон бисёр муҳим аст, чунки дар таркибаш миқдори витамини А ва Д хеле зиёд дорад. Виамини А нури чашмро зиёд карда зебогии мӯйҳо ва пӯстро нигоҳ дошта, кори системаи нафаскашӣ ва хӯрокҳамзкуниро осон мегардонад. Витамини Д бошад фаъолияти фикрониро зиёд, бемадориро нест мекунад, фаъолияти ҷисмонии инсонро баланд мебардорад.

Шахсоне, ки мунтазам гӯшти моҳиро истеъмол менамоянд,  хотираашон барои нигоҳдоштани маълумот хуб мешавад ва кори дилу рагҳои хунгардро ба танзим медарорад. Вақте ки моҳиро дар об ҷӯшонида, истеъмол кунанд,  захми рӯдаҳоро нест менамояд.

Гӯшти гулмоҳӣ, суфмоҳӣ, лаққамоҳӣ  бомазза буда, нисбат ба гӯшти моҳиҳои дигар фарқ дорад.

Фаррух Шамсиддинов баён медорад, ки «моҳиҳо гуногун мешаванд, вобаста ба шароити зисташон ва хӯроки истеъмолкунандаашон,  таъми гӯшт ва витаминҳои дар гӯшташон буда каме фарқ мекунанд. Мисол: таъми гӯшти моҳии дар баҳр зисткунанда аз  моҳии дарёӣ,  ё ин ки моҳии дарё аз моҳии дар кӯлҳои сунъӣ парвариш ёфта, фарқ дорад. Моҳиҳое, ки дар кӯлу обанборҳои мо зиндагӣ мекунанд,  барои консервакунонидан мувофиқ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд»,-афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки коршиносон дурнамои соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро умедбахш арзёбӣ намуда, изҳор медоранд, ки дар сурати рушди бештари ин самт метавон аз ин соҳа даромади хуби иқтисодӣ ба даст овард. Зеро дар обанборҳо, кӯлҳо ва дарёҳои Тоҷикистон моҳиҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз нигоҳи экологӣ бартарият дошта, барои консервакунонӣ хеле мувофиқ ва дар бозори ҷаҳонӣ ниёз ба онҳо бештар аст. Ҳамзамон ба андешаи таҳлилгарон дар ҷумҳурӣ таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли орд ва равғани моҳӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ба иттилои Вазорати кшоварзии ҷумҳурӣ истеҳсоли моҳӣ соли 2019-2081,9; соли 2020-2749,7; соли 2021-4389 ва соли 2022-4746,4 тоннро ташкил додааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»/аз манбаъҳои боз

Июль 9, 2023 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд