Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар рушди энергетикаи устувор намоиши аксҳо доир шуд

Ноябрь 16, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо: ҳамкорӣ дар рушди энергетикаи устувор» — таҳти чунин унвон дар Душанбе намоиши аксҳо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад      АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маросими ифтитоҳи намоиши аксҳо  муовини Вазири энергетикаи мамлакат  Манучеҳр Сафарзода иброз намуд, ки «ин намоиши аксҳо аҳамияти махсус дорад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус ба ҷалби духтарон ва занон ба соҳаи энергетика зоҳир карда мешавад. Ин самти стратегӣ ва муҳим аст, зеро рушди энергетикаи устувор бе имконияти баробар барои ҳама ғайриимкон мебошад».

Дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои амалӣ шудани фаъолияти касбии занон дар соҳаи энергетика  муҳайё аст, аммо, мутаассифона, духтарон кам ба ин роҳ қадам мегузоранд. Дар намоиши аксҳо расму мусаввараҳои занону духтарони тоҷике, ки дар соҳаи энергетикаи мамлакат бо мардон паҳлу ба паҳлу фаъолият менамоянд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ин далели далерию шуҷоатмандии  занону духтарони тоҷик мебошад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд