Дар ноҳияи Деваштич шудгори заминҳо оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади фаровонҳосилии соли оянда кишоварзони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд шудгори заминро оғоз намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд.
Дар ноҳия барои иҷро намудани шудгори босифат беш аз 200 техникаи кишоварзӣ ҷалб гардидааст.
Ба таъкиди олимони соҳаи кишоварзӣ, шудгори заминҳо дар фасли тирамоҳ, агар аз як тараф ба ғанисозии таркиби хок мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, барои баландшавии ҳосили ғалладонагиҳо заминаи устувор мегузорад.
Имсол тибқи нақша кишти тирамоҳӣ дар ноҳия дар 16 ҳазору 750 гектар муқаррар гардидааст. То имрӯз дар 10 ҳазор гектар тухмии ғалладонагӣ кишт карда шудааст.
Ноҳияи Деваштич дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди истеҳсоли ғалладонагӣ ҳамзамон бо кишту парвариш ва истеҳсоли картошка шуҳрат пайдо кардааст. Имсол деҳқонони ноҳия аз майдонҳои картошка қариб 300 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд.
Ба иттилои масъулин, дар нуҳ моҳи соли равон кишоварзони ноҳия барои таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 1 миллиарду 519 миллиону 808,9 ҳазор сомонӣ расониданд, ки 102,7 фоизро ташкил дод.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






