Дар Хатлон беш аз 30 ҳазор зан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон беш аз 30 ҳазор занон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ки аз онҳо тақрибан 20 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки занони соҳибкори вилояти Хатлон дар рушди иқтисодиёт, таъмини амнияти озуқаворӣ ва боло бурдани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас доранд. Садҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ таҳти роҳбарии занон фаъолият мекунанд, ки дар самти парвариши пахта, меваю сабзавот, зироати равғанӣ ва дигар маҳсулоти ба содирот нигаронида муваффақияти зиёд ба даст овардаанд.
Инчунин занони соҳибкори вилоят дар ташкили коргоҳҳои коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли консерва, мураббо, афшура, асал ва гиёҳҳои шифобахш фаъолона иштирок доранд. Бисёре аз чунин коргоҳҳо солҳои охир бо дастгирии барномаҳои давлатӣ, ҷудо гардидани грантҳои президентӣ, қарзҳои имтиёзнок ва лоиҳаҳои байналмилалӣ таъсис ёфтаанд.
Дар шароити муосири рушди деҳот ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши занон дар идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ давра ба давра боло меравад. Имрӯз занони тоҷик дар баробари мардон ҳамчун роҳбарони фаъоли хоҷагиҳо, ташаббускорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат фаъолият доранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, солҳои охир шумораи заноне, ки роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба зимма мегиранд, дар ҳоли афзоиш аст. Соҳибкорзанон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, нонпазиву қаннодӣ, сайёҳӣ ва сохтмон фаъолияти пурсамар намуда, на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, инчунин дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳм мегузоранд. Дар баробари ин ҷойи нави кор таъсис дода, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






