Оператори «Анор» толори замонавиро дар маркази Душанбе ифтитоҳ намуд

Июль 7, 2023 16:47

ДУШАНБЕ, 07.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Душанбе Идораи оператори мобилии «Анор» кушода шуд. Дар он ҷо муштариёнро рақамҳои нуқрагини ройгон ва рақамҳои тиллоӣ бо тахфифи 50% интизор мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Идораи оператори мобилии «Анор» хабар доданд.

Мақсади оператор — пешниҳоди нархҳои дастрас ва хизматрасонии босифат ба муштариён мебошад. Аз ин рӯ, «Анор» дар баробари роҳандозии тарофаҳои муфид, ки нархашон аз 50 сомонӣ зиёд нест, дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ нуқтаҳои хидматрасонӣ боз мекунад. Толори бароҳат дар маркази шаҳри Душанбе на танҳо як макони дигар, балки рамзи ниятҳои ҷиддӣ, нақшаҳои дарозмуддати рушд барои оператор гардидааст.

Нахустин меҳмонони нуқтаи навро дар хиёбони Рӯдакӣ, 87 сюрприз – рақамҳои мақомноки «қиматбаҳо» интизоранд. Рақамҳои нуқрагин ба онҳо ройгон дастрас гардида, рақамҳои дараҷаи «тилло»-ро бо нисфи нарх харидан мумкин аст.

Тарофаҳои «Анор» ба онҳое, ки фаъолона занг мезананд ва интернетро истифода мебаранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳоро тамошо мекунанд ё дар паёмрасонҳо хабарҳоро мехонанд, писанд меояд. Силсилаи асосии тарофавии «Диёр» аз се баста бо пардохти моҳона аз 30 то 50 сомонӣ иборат аст. Муштарӣ мустақилона тарофаро вобаста ба талаботи худ интихоб мекунад.

Маҳсулоти нодири «Анор» — тарофаи «Диёр 50» аст. Он зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 600 дақиқа дар дохили Тоҷикистон, 8000 Мб трафики интернет ва интернети бемаҳдуди шабонаро (аз соати 00:00 то 06:59) дар бар мегирад. Нархи тарофа дар як моҳ 50 сомонӣ аст.

Барои муштарии «Анор» шудан, метавонед ба дилхоҳ идораи хизматрасонӣ муроҷиат намоед. Дар маҷмӯъ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ наздики 40 идораи фурӯш амал мекунад, ки панҷтои он дар Душанбе ҷойгиранд.

Оператор фаъолона саҳифаҳои расмии худро дар Instagram ва Facebook пеш бурда, дар онҳо хабарҳо ва маълумоти муфидро интишор менамояд. Худи ҳамон ҷо обуначиён метавонанд ба саволҳои худ оид ба алоқа ва тарофаҳои «Анор» фавран ҷавоб пайдо кунанд.

Бо рақами зебои тиллоӣ ё нуқрагин муштарии «Анор» шавед!

АКС: Идораи оператори мобилии «Анор»

Июль 7, 2023 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад