Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ сардхонаи муосирро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ сардхонаи муосирро бо ғунҷоиши 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сардхонаи муосир дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи “Муассисаи давлатии рушди Мастчоҳ” ва соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати 1600 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои се анбори захираи маҳсулот мебошад.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ васлу насб карда шудааст, ки барои дар ҳамаи фаслҳои сол беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ имконият медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 20 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи оҳану бетонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Фармоишгари иншоот “Муассисаи давлатии рушди Мастчоҳ” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон-3” мебошад. Лоиҳаи сардхона аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Мастчоҳ омода карда шудааст ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир аст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдомро шоиста арзёбӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки бунёди сардхонаҳои муосир барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ имконияти хуби дар тамоми фаслҳои сол таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза мебошад. Аз ин рӯ, ба ин масъала дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат соҳибкорону хоҷагидорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳияи Мастчоҳ шинос шуданд.
Кишоварзони ноҳия намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, меваҳои хушсифат ва дигар намуди маҳсулотро ба маъраз гузоштанд.
Намоиши маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бозгӯи он аст, ки сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ дар вилояти Суғд, бахусус ноҳияи Мастчоҳ зиёд карда мешавад.









Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






