Равзанаи гузариши тобистона дар Чемпионати Тоҷикистон-2023 оид ба футбол то 28 июл идома меёбад

Июль 10, 2023 08:38

ДУШАНБЕ, 10.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати Тоҷикистон-2023 оид ба футбол ҳафтаи гузашта равзанаи гузариши тобистона боз шуда буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Равзанаи гузариши тобистона то 28 июл давом мекунад – дар ин давра дастаҳои Лигаи олӣ метавонанд, бозингарони навро ба ҳайати худ шомил созанд», — таъкид намуданд дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Давраи сабти ном барои дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон низ то 28 июл идома хоҳад ёфт.

Баъди ин муҳлат,  бошгоҳҳои Лигаи олӣ ва якум бозингарони навро дигар шомили ҳайат намуда наметавонанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 10, 2023 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд