Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис Зелал Текстайл» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи бузурги ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркия моҳи декабри соли 2022 баъди таҷдид дубора ба фаъолият оғоз намуд ва дар он зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар корхонаи калони ресандагӣ шумораи бештари кормандонро занону духтарон ташкил дода, бо ҷойи кор таъмин намудани 200 нафари дигар имконпазир аст.
Дар ин марҳилаи истеҳсолот дар маҷмуъ шумораи кормандон ба 500 нафар расонида мешавад ва музди миёнаи меҳнат 1500 — 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис Зелал Текстайл», ки ҳоло дар се баст фаъолият дорад, дар як сол имконияти коркарди саноатии 6,5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 5 ҳазору 400 тонна ресмони пахтагини андозааш 16, 20, 24 ва 30 мавҷуд мебошад.
Эҳёи дубораи корхона қадами устувор дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин ташкили ҷойҳои зиёди кории нав арзёбӣ мешавад. Бо ҳамин мақсад тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдому дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар вилоят калонтарин корхонаи ресандагӣ буда, дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти коркарди нахи пахта ва тавлиди ресмони пахтагин аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Чин ва Туркия васлу насб шудааст ва ашёи хом пурра аз ҳудуди вилояти Суғд дастрас мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот аз масъулони дахлдор истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ташкили ҷойҳои нави кориро тақозо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда — ресмони пахтагин имрӯзҳо ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон содирот карда мешавад. Ҳамзамон ҷамъияти мазкур имконият дорад, корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо риштаи пахтагин таъмин намояд.
Тибқи маълумот, дар давоми моҳи декабри соли 2022 ва шаш моҳи сипаришудаи соли 2023 дар ин маҷмааи калони ресандагӣ наздик ба 2 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулону сармоягузорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл” дастур доданд, ки дар оянда истеҳсоли ришта дар як сол ба 8 ҳазор тонна расонида шуда, бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи имконияту иқтидорҳои мавҷуда, хусусан коркарди пурраи аёши хом, дар ин ҷо чор марҳилаи комили истеҳсолот, аз ҷумла ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Дар оянда анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки дар мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркард шуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ ба хориҷ афзоиш ёбад. Масъулони корхонаи ресандагӣ нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли пахтаро ҳам ба роҳ монанд.
Сармоягузорон ваъда доданд, ки корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ баъди ворид кардани хатҳои нави технологӣ ба истифода дода мешавад ва барои таъсиси корхонаи дӯзандагӣ бошад, нақшаҳо тарҳрезӣ шудааст.
Дар намоиши маҳсулоти тайёр иттилоъ дода шуд, ки ширкати “Зелал” дар як қатор давлатҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон корхонаҳои истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти тайёри дӯзандагиро таъсис додааст ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”-и ноҳияи Мастчоҳ низ бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммали истеҳсолӣ ба коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ комёб хоҳад шуд. Таъсиси чунин корхонаҳо аз як ҷониб ба таъмини пурраи бозори дохилу хориҷ бо маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ бо нишони “Истеҳсоли Тоҷикистон” мусоидат намояд, аз тарафи дигар боис ба он мегардад, ки ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шаванд.









Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд






