Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар

Июль 20, 2023 17:07

ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт».

Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, ки 10 марти соли 2012 баргузор шуда буд.

 Сиёсати экологии Тоҷикистон  зина ба зина  такомул меёбад

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 17 июли соли равон мақолаи Муҳаммадҷон Ҳусайнов бо сарлавҳаи «Пешвои миллат. Нақши Роҳбар дар ташаккули сиёсати экологӣ» чоп шудааст. Муаллифи мақола дар оғоз навиштааст, ки «гарчанде ки давлатдорӣ дар ҷомеаи инсонӣ таърихи тӯлонӣ дорад ва давраҳои гуногунро дар бар гирифтааст, муносибати инсон ба табиат ҳамеша дар доираи меъёрҳои муайяннамудаи давлатдорӣ қарор дошта, мақсади ин маҳдудият таъмини истифодаи оқилонаю ҳифзи захираҳои табиӣ мебошад». Сипас муаллиф оид ба нақши Сарвари давлат дар масъалаи ҳифзи муҳити зист андешаҳои худро баён намуда, изҳор кардааст, ки «ҳуҷҷатҳое, ки баъд аз солҳои 2005 қабул гардидаанд, аллакай дорои нақшаву тадбирҳои мушаххас баҳри таъмини сифати баланди муҳити зист буданд, ки мавқеи хоссаи моликияти хусусиро дар ҳифзи муҳити табиӣ муайян менамуданд. Сиёсати экологии Тоҷикистон  зина ба зина  такомул ёфтааст, ки аз сатҳи баланди татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳувайдост».

Зимнан мақолаи мазкур дар мавзуи рӯз навишта шуда, аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта хоҳад шуд. Дар шумораи мазкур ҳамчунин оид ба истеҳсол ва коркарди металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон, натиҷаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи якум, инчунин вобаста ба густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хабару мақолаҳо чоп шудаанд.

Дар шумораи дигари нашрияи «Ҷумҳурият» аз 19 июли соли 2023 хабари расмӣ оид ба сафари кории Пешвои миллат ба Шоҳигарии Арабистони Саъудиро нашр шудааст. Мавриди тазаккур аст, ки зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар шумораи мазкури нашрияи расмии мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъйин намудани судяҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони якчанд сохторҳои давлатӣ нашр шудаанд. Мақолаи танқидӣ бо сарлавҳаи «Биноҳои обод гардад хароб…» аз вазъи ногувори ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ нақл мекунад: «Тибқи Феҳристи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди ёдгориҳои таърихӣ дар ВМКБ беш аз 650-то мебошад. Мувофиқи феҳрист, ин ёдгориҳо арзиши таърихӣ доранд ва мутаассифона, аксарашон дар ҳолати ногувор ва маҳвшавӣ қарор дошта, таъҷилан ба ҳифзу навсозӣ ниёз доранд… Масалан, дар гӯшаву канори ноҳияи Роштқалъа қалъаҳои кӯчак, аммо хеле қадима, ба мисли қалъаҳои Барев, Хинвод, Чакарқалъа, Борикакқалъа мавҷуд буданд, ки  комилан хароб гардида, аз байн рафтаанд. Қалъаи Роштқалъа агарчи қисман хароб шуда бошад ҳам, деворҳои бархе аз биноҳои он  ҳанӯз ҳам побарҷоянд. Ба гуфтаи сокинони куҳансоли деҳаи Роштқалъа, то солҳои 30-юми асри гузашта  ҳатто манораи қалъа ҳам вуҷуд дошт. Аммо, баъдан, як қисми санги деворҳои қалъаро  барои бунёди биноҳои маъмурии ноҳияи Роштқалъа, ки соли 1936 таъсис ёфтааст, истифода бурдаанд. Дар қисмати шарқии он бештари сокинон хонаҳояшонро аз санги қалъа  сохтанд. Дар натиҷа манораи  қалъа ҳам хароб гардид». Шояд баъди хондани ин мақолаи Раҳмони Гулзор ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир гардад?

 «Як гул бидиҳанду сад баҳорат бибаранд»

 Нашрияи парлумонии «Садои мардум» хабарҳои расмиро дар бораи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ, Амру фармонҳои Президенти мамлакат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи тағйироти кадрӣ ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр кардааст. Тибқи Қарори мазкури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума Муинзода бо гирифтани 65,02% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Хуҷанд №13, ки дар интихоботи 16 июли соли 2023 интихоб шудааст, ваколатҳои ӯ тасдиқ ва ба Муинӣ М. шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад. Сармақолаи шумораи мазкури нашрияи парлумонӣ мақолаи муаллифии Д. Абдулло бо сарлавҳаи «Як гул бидиҳанду сад баҳорат бубаранд» шуда метавонад. Муаллиф оид ба суду зиёни шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои худро баён карда, менависад: «Шоҳидем, ки дар фазои иттилоотии мамлакат солҳои охир созмонҳои экстремистию террорис­тӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ғояҳои тундгароӣ ва ифротгароии хешро тарғиб менамоянд. Дар натиҷа қисме аз ҷавонони ҷумҳурӣ, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯйӣ  шуда, ба доми созмонҳои фаъолияташон мамнуъ афтодаанд. Мо дар замони пуртазод зиндагӣ мекунем ва мушоҳида мешавад, ки давлатҳои низоми сиёсиашон гуногун, ташкилоти байналмилалӣ барои амалӣ намудани «тарҳ»-ҳои худ беш аз пеш ҳавасманд ҳастанд, ки ин дар баъзе маврид бо манфиатҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикис­тон созгор нест. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки гурӯҳҳои динӣ — экстремистӣ ва террористии трансмиллӣ худ аз худ пайдо намешаванд ва барои рӯи кор омадани онҳо ҳатман давлат ё ташкилоте ҳавасманд аст». Шакли пурраи мақоларо метавон аз саҳифаҳои  «Садои мардум» мутолиа кард.

«Народная газета» — нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи навбатӣ ба забони русӣ хабару гузоришҳои расмиро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишии мамлакат нашр кардааст. Мақолаҳои  «Бартариҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ», «Бузургии модарон дар ваҳдат аст», «Дар мадди аввал — боло бурдани некуаҳволии шаҳрвандон» ва дигар маводи нашрия, ки саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан, шукри ободиву тинҷиву амонӣ дар мамлакат мебошанд, аз ҷониби мухлисон хуб пазируфта хоҳанд шуд.

«Ба Каъба Пешво рафту дуо кард…»

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сарсухани зерин пешкаши хонандагон шудааст:

«Ба Каъба Пешво рафту дуо кард,
Дуо аз таҳти дил назди Худо кард.
Дуояш ин ки халқ ором бошад,
Ҳама якдил, Ватан хушном бошад.

Дар саҳифаҳои дохилии нашрия ҳисобот оид ба фаъолияти нимсолаи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба таври муфассал чоп шудааст. Хабари хуш, ки нашрия нашр кардааст, узви Раёсати иҷроияи Шурои олимпии Осиё интихоб гардидани варзишгари маъруфи мамлакатамон Дилшод Назаров мебошад, ки воқеан ин хабар мояи  фахри на танҳо ҷавонону варзишгарон, балки кулли сокинони мамлакат мебошад. Мақолаи дигаре, ки диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунад, «Ташвиқи бесуботӣ ба кӣ лозим аст» мебошад. Муаллиф савол гузоштааст, ки чаро баъзе давлатҳо барои бадхоҳону хасмпешагон паноҳгоҳ медиҳанд. Идомаи мақола ва ҷавоб ба саволи гузоштаро метавон аз саҳифаи нашрия мутолиа кард.

Нашрияи «Омӯзгор» дар саҳифаи аввал ҳамчун сармақолаи шумора бо сарлавҳаи «Иқдомҳои ҷаҳонии Пешвои миллат» мақолаи донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Шодовар Нуриддиновро чоп кардааст. Мақолаҳои «Нахустмактабҳо дар Бадахшон», «Модари доно кунад фарзанди доно тарбият», «Ба манзили хонанда рафтани омӯзгор шарт аст?», «Ҳофизаи таърихӣ ва тарбияи худогоҳӣ», бешак, аз тарафи алоқамандони мактабу маориф ба хушӣ пазируфта мешаванд.

 Акрам САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

 АКС: АМИТ«Ховар»

Июль 20, 2023 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Муколамаи навбатии занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд