Шарҳи вазъи истеҳсол ва арзиши аксар маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 15.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои оморӣ, ба ҳолати 1 июл дар Тоҷикистон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар майдони 58 ҳазору 566, 3 гектар кишти картошка гузаронида шуда, аз ин миқдор дар ҳамаи шаклҳо 261 ҳазору 510 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Ин меъёр дар ҳамин давраи соли сипаригардида 262 ҳазору 551 тоннаро ташкил медод, яъне имсол 41 тонна камтар картошка ҷамъоварӣ гардидааст. Сабаб чист? Ва оё маҳз ҳамин омил боиси баланд шудани нархи картошка дар бозорҳои мамлакат гардидааст?
Шарҳи мухбири АМИТ «Ховар» дар робита ба ин мавзуъ.
— Бояд гуфт, ки тӯли чанд ҳафтаи моҳи равон дар бозорҳои истеъмолии мамлакат арзиши маҳсулоти сабзавотӣ, аз ҷумла картошка боло рафта, арзиши 1 килои он 6-8 сомониро ташкил медиҳад. Дар робита ба ин чанд муддат аст, ки байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна баҳсҳо сар задаанд, ки ба андешаи онҳо, дар сурати ба низом надаровардани арзиши маҳсулоти сабзавотӣ имкон дорад нархи он боз чанд баробар боло равад.
Тавре дар Институти иқтисодиёти кишоварзӣ ва таҳқиқи системаи рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар», иттилоъ доданд ҳамасола болоравии нархи сабзавот, аз ҷумла картошка дар моҳҳои июл, қисман август ва як қисмати моҳи сентябр ва сипас моҳи марту аввали апрел то картошкаи нав баромадан вуҷуд дошт. Аммо болоравии арзиши картошка соли равон каме барвақттар оғоз ёфт».
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ се давраи ҷамъоварии картошка мавҷуд аст, ки бо расидани ин марҳила нарх дар бозорҳои мамлакат ба танзим медарояд. Нахуст картошкаи барвақтӣ дар минтақаҳои гарм — Вахш, Шаҳритус, Қубодиён, Панҷ ва дигар ноҳияҳои ин минтақа аввалҳои моҳи апрел барои истеъмол омода ва ба бозор пешниҳод карда мешавад. Баъдан моҳҳои июлу августу сентябр аз минтақаҳои доманакӯҳ картошка ба бозори истеъмолӣ ворид карда мешавад. Марҳилаи сеюм- ин даврае аст, ки аз ноҳияҳои кӯҳӣ картошкаи моҳҳои октябру декабр пухта расида, ба бозори ҷумҳурӣ ворид мешавад ва нархи маҳсулот ба меъёри муайян медарояд.
Ба таъкиди мутахассисони Институти иқтисодиёти кишоварзӣ ва таҳқиқи системаи рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон каме барвақттар гарон шудани нархи картошка дар бозори истеъмолӣ ва ба 6-8 сомонӣ расидани он асосан табиӣ мебошад. «Дар зимистони сарде, ки дар ҷумҳурӣ буд, як қисми картошкаи барвақтиро сармо зад ва кишоварзон онро аз сари нав кишт намуданд. Вақте ки аз сари нав кишт мекунанд, муҳлати пухта расиданаш каме дертар мешавад. Муҳлат, ки дертар шуд, ҳосилнокӣ низ камтар мешавад. Он қисми картошкае, ки барои тухмӣ захира шуда буд ва бояд дар ноҳияҳои доманакӯҳ кишт мешуд, аз сардиҳо зарар дид. Ва ҳангоми кишт кардани он дар баъзе заминҳо нашъу намои картошка ба чашм нарасид. Вобаста ба ин ҳосилнокӣ камтар ва ба бозор картошка кам ворид шуд»-изҳор ба хабарнигори мо дар ин ниҳоди илмии мамлакат.
Коршиносони соҳа бар ин назар мебошанд, ки агар ҳолати ба амал омада танзим нашавад, эҳтимол аст, ки моҳи август ва сентябр нархи 1 кг картошка ба 9-10 сомонӣ баробар шавад. Яъне, то ворид шудани картошка аз ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳ ба бозорҳои истеъмолӣ ин эҳтимол вуҷуд дорад.
Дар ин замина таъкид карда шуд, ки «аллакай Вазорати кишоварзӣ ҳамчун ваколатдор бо дигар ниҳодҳои масъул ҷиҳати ба эътидол даровардани нархи картошка ва дигар сабзавот дар бозорҳои истеъмолӣ тадбир андешида истодааст. Рӯзҳои наздик бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ба воситаи ворид намудани ҳаҷми картошкаи иловагӣ аз ҳисоби захираҳо ва дигар манбаъҳо нархи картошка дар ҳаҷми 6-8 сомонӣ нигоҳ дошта шуда, баъдан аввалҳои моҳи сентябр, ки картошка ба бозор ворид шудан мегирад, нархи он ҳудуди 4-5 сомониро ташкил медиҳад.
Тавре дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи баҳодии дурнамои соҳа имсол қариб 1 млн 100 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карда хоҳад шуд. Ин омор соли сипаригардида 1 миллиону 94 ҳазор тоннаро ташкил медод.
Ба андешаи коршиносони соҳа, дурнамои киште, ки Вазорати кишоварзӣ таҳия мекунаду ба воситаи Ҳукумати мамлакат тасдиқ намуда, ба шаҳру ноҳияҳо ирсол менамояд, бояд аз ҷониби масъулон риоя карда шавад. «Дурнамо дар доираи талаботи аҳолии Тоҷикистон ба ин ё он зироати кишоварзӣ таҳия карда мешавад. Дар сурати татбиқи дурусти он мо метавонем тамоми фасли сол бо картошка, сабзию пиёз, караму гӯшту шир таъмин бошем. Маҳз ҳамаи ин чизҳоро ба назар гирифта, дурнамо таҳия карда мешавад. Вале аксаран, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо сохтори кишт риоя карда намешавад ва афзалият ба он маҳсулоте дода мешавад, ки имсол нархаш дар бозорҳои истеъмолӣ баланд аст. Масалан, имсол пиёз қимат шуд, ҳама ба кишти пиёз мегузаранд, баъд соли оянда мебинед, ки нархи пиёз 2-3 баробар паст ва дар навбати худ нархи картошка 2-3 баробар баланд мешавад. Барои он ки бархе кишоварзон дурнамои кишти маҳсулотеро, ки Ҳукумати мамлакат таҳия карда буд, пурра риоя намекунанд» таъкид карда шуд аз ҷониби коршиноси соҳаи кишоварзӣ.
Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар айни замон дар пойтахти мамлакат ва шаҳрҳои калон бо мақсади ба эътидол даровардани нархи сабзавот ва ҷилавгирӣ аз миёнаравҳое, ки таъсирашон ба нархи маҳсулот хеле чашмрас аст, таъсиси марказҳои логистикӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои ин кор аллакай сармоя пайдо шудаву корҳо оғоз ёфтаанд. Зимни ба кор даровардани ин марказҳо низоми аз истеҳсолкунанда то ба истеъмолкунанда расидани маҳсулот хеле сабуку шаффоф мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз








Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: назари муназзам ба рушд ва авлавияти миллӣ
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ТАШАББУСКОРИ ҶАҲОНИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар робита ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
ХУРШЕДИ МУЛКПАРВАРУ СУЛТОНИ ДОДГАР






