Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба тавоноӣ барои мувозинати низоми энергетикӣ баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тавоноӣ барои мувозинати низоми энергетикӣ зимни ҳамоише, ки дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ карда шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш роҳбарияти вазорат, мутахассисону коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин шарикони рушд иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии ҳамоиш аз мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи роҳҳои беҳсозии идоракунии мувозинати системаҳои энергетикӣ дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ ва афзоиши талабот ба неруи барқ иборат буд.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои боло бурдани устувории шабакаҳои энергетикӣ, тақвияти иқтидори техникӣ ва истифодаи технологияҳои муосир барои тавозуни таъминот ва истеъмол баррасӣ гардиданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






