Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба солимии ҳайвонот конференсияи байналмилалӣ баргузор намуд

Ноябрь 15, 2025 13:45

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Баррасӣ ва таҳлили харитаи роҳ оид ба бемории вабои сумдарди ҳайвонот ва тоуни ҳайвоноти хурд» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад, конференсия 11 ноябр оғоз шуда, имрӯз ҷамъбаст гардид.

Дар конференсия намояндагони сохторҳои тандурустӣ ва ветеринарии Русия, Эрон, Туркия, Покистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Сурия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва намояндагони ташкилоти байналмилалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO), Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот ва олимони соҳа иштирок намуданд.

Коршиносони соҳа роҳҳои пешгирии паҳншавии бемориҳои вабои сумдарди ҳайвонот ва тоуни ҳайвоноти хурдро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ноябрь 15, 2025 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд