Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод

Июль 7, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 07.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 июн то 2 июл дар ҷаҳон беш аз 885 ҳазор нафар ба бемории коронавирус гирифтор шуда, беш аз 4,9 ҳазор нафар ҳалок гардиданд. Шумораи фавтидагон дар муқоиса бо 28 рӯзи қаблӣ 59% ва шумораи сироятҳо 48% кам шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод.

Тибқи маълумоти Созмон, тӯли чор ҳафта дар ҷаҳон 885 478 ҳолати сироятёбӣ ва 4 912 фавт ба қайд гирифта шудааст. Аксари ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Корея (383 767 нафар) ошкор гардидаанд. Баъд аз Корея ҳолатҳои зиёди гирифторӣ дар Австралия (85 167), Бразилия (70 163), Сингапур (32 562) ва Русия (30 049) ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин муддат шумораи зиёди ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар Бразилия (1057 нафар), Русия (506), Италия (317), Перу (250) ва Австралия (241) ошкор гардидааст.

Вазъи ҳолати фавқулода дар робита ба бемории COVID-19  дар соҳаи тандурустии ҷаҳон аз охири моҳи январи соли 2020 то 5 майи соли 2023 амал намуд. 11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳони тандурустӣ хуруҷи COVID-19-ро ҳамчун пандемия арзёбӣ кард. Ба ҳолати 5 июл, ки дар сомонаи ин созмон нашр гардидааст, дар ҷаҳон 767 726 861 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 6 948 764 нафар фавтидаанд.

Директори генералии Созмони ҷаҳони тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус 5 май зимни брифинг дар Женева гуфт, ки шумораи воқеии фавтидагон тақрибан 20 миллион нафарро ташкил медиҳад.

АКС: АP Photo/ AjitSolank

Июль 7, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард