«ТОЗАГИИ ШОҲРОҲ». Дар шаҳри Душанбе иқдоми поксозӣ гузаронида шуд

Июль 18, 2023 17:12

ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон  дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 13 маротиба иқдоми «Тозагии шоҳроҳ» доир гардид, ки дар ҷараёни он 3652 нафар иштирок намуда, дар масофаи 25039 метри мураббаъ шоҳроҳ тоза гашта, дар ҳаҷми 100 метри  мукааб партов ҷамъоварӣ ва бароварда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкории муштарак бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе  бо ба роҳ мондани ташаббусҳои экологӣ ва санҷишҳои фаврӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳавои атмосфера якчанд қонуншиканиро   пешгирӣ намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар ин муддат дар ҷараёни иқдоми экологии «Тозагии шоҳроҳ» ва санҷишҳои фаврӣ нисбат ба 4008 нафар ронандагоне, ки ба қоидаҳои амалкунанда дар самти ҳифзи муҳити зист аҳамият надода, бо нақлиёти ифлос дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт ҳаракат мекунанд, тадбирҳои маъмурӣ андешида шуд.

Ҳамзамон нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёт барои ифлос кардани роҳҳо 7 санад,  барои 298 ҳолати аз меъёри муқарраргардида зиёд будани таркиби газҳои коркарди муҳаррики дарунсӯзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва 91 ҳолати бе болопӯш интиқол додани маводи пошхӯранда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои муштарак дар дидбонгоҳҳои ба пойтахт воридшаванда аз ҷониби мутахассисон маълум гардид, ки заҳрнокии партови сӯзишвории нақлиёт (СО2) аз меъёр зиёд аст. Аз ин рӯ нисбат ба ронандагон протокол тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба мақомоти марбута  ирсол гардид.

  АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 18, 2023 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон