Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ соҳиби 6 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 21.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ, ки аз 12 то 20 июл дар шаҳри Уммони давлати Урдун байни ҷавонони аз 15 то 20-сола баргузор гардид, ба гирифтани шаш медал мушарраф шуданд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони тоҷик аз намуди гӯштини юнониву румӣ соҳиби чор медал шуданд. Дар вазни 44кг Дамир Отаев баъди шикаст додани ҳарифи эронияш Муҳаммадҳусейн Ғуломҳасан Раҳимободӣ бо ҳисоби 6-4 дар рақобати финалӣ медали тилло ва унвони чемпиони Осиё оид ба гӯштини юнониву румӣ ба даст овард. Дамир Отаев то расидан ба финал дар даври нимниҳоӣ ҳарифи узбекаш Шоҳҷаҳон Ҷабборовро шикаст дода, дар даври чорякниҳоӣ бар Сункар Зарапи қазоқ бо ҳисоби 7-0 пирӯз гардид.
Медали тиллои дигарро Алишер Рузимадов дар Чемпионати Осиё байни наврасон дар вазни 75кг вориди хазинаи варзишии мамлакат намуд. Ӯ дар финал ба муқобили Ризо Ардаван Карими Сармайдонӣ аз Эрон бо ҳисоби калони 7-0 дастболо шуда, унвони чемпиониро соҳиб шуд.
Дар вазни 52кг паҳлавони тоҷик Амирҷон Обидов аз Чемпионати Осиё бо медали биринҷӣ бармегардад. Амирҷон Обидов нахуст ҳарифаш Йогеш Фалсвали ҳиндуро бо ҳисоби 10-9 мағлуб намуда, дар даври нимниҳоӣ аз Ораздурдӣ Сапармуратови узбек бо ҳисоби 0-9 шикаст хӯрд ва аз рақобати финалӣ бенасиб монд. Баҳри ба даст овардани мақоми сеюм Амирҷон Обидов ҳарифи ироқияш Маҷид Аласархро мағлуб намуд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Як медали биринҷии дигарро Шоҳҷаҳон Бобоев дар вазни 57 кг ба даст овард. Дар ин вазн Шоҳҷаҳон Бобоев чун нафари ҷоизадор Зайд Салим Нагуҷи урдуниро бо ҳисоби 12-4 мағлуб намуда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳхат гирифт. Варзишгари тоҷик Абдулҳадӣ Абдулмуваллад аз Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони 9-0 шикаст дод, вале дар даври нимниҳоӣ аз Досбол Жамили қазоқ бо ҳисоби 0-9 ноком гардид. Дар рақобат баҳри ишғоли мақоми сеюм Шоҳҷаҳон Бобоев ҳарифи ироқияш Аҳмад Алмуҳсинро бо натиҷаи 9-1 мағлуб намуд.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё 6 медал — 2 тилло, 1 нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст овард.
АКС аз манбаъҳои боз








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






