Ҳайати устодон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд

Август 18, 2023 16:10

ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода сафари ҳайати устодон ва кормандони донишгоҳ ба маҳали сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташкил карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Ҳайати устодону кормандони донишгоҳ бо роҳбарии ректори он Қобилҷон Хушвахтзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти асосии неругоҳ шинос шуда, бо сохтмончиёни ин иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат аз наздик суҳбат намуданд.

Бояд гуфт, ки дар майдони сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» имрӯзҳо зиёда аз 14 ҳазор нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд, ки шумораи зиёди онҳо коргарони маҳалӣ мебошанд.

Шумораи мошину механизмҳое, ки дар корҳои сохтмонии неругоҳ истифода мешаванд, беш аз 3400 адад мебошад.

Дар айни замон бунёдкорони «Роғун» дар ин арсаи нангу номуси миллӣ бо ҷасорату матонат ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои эҳёгар ва бунёдсози иншооти тақдирсози давлат ва миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконияти мавҷуда самаранок истифода менамоянд ва барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикии мамлакат корҳои сохтмониро сарбаландона пеш мебаранд.

Ташкил намудани чунин сафари дастҷамъона ба мавзеи сохтмони иншооти бузурги аср ҳайати устодону кормандони донишгоҳро бо рафти корҳои сохтмонӣ ва умуман неругоҳ аз наздик шинос намуда, барои пешбурди фаъолияти илмию таълимӣ аз тадбирҳои муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Август 18, 2023 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд