Ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Русия тақвият меёбад

Август 24, 2023 14:54

 ДУШАНБЕ, 24.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Русия таҳти роҳбарии ректори донишгоҳи мазкур Дмитрий Ендовитский ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омада, бо ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода мулоқот намуданд.

Дар зимн ҷонибҳо бобати рушди ҳамкории илмию таълимӣ табодули афкор намуданд. Ҳамзамон меҳмонон бо Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар донишгоҳ ҷойгир мебошанд, шинос шуданд.

Дар идомаи сафар меҳмонон бо устодону кормандони факултети иқтисодии донишгоҳ, аз ҷумла факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ вохӯрӣ намуда, бо чанд синфхонаю толорҳои илмию таълимӣ шинос шуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар самти табодули устодону донишҷӯён, баргузории ҳамоишҳои гуногуни илмию амалӣ ва нашри маводи илмӣ суҳбат намуданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Август 24, 2023 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд