Ҷавонони тоҷик дар Анҷумани 2-юми ҷаҳонии ҷавонони Қазон иштирок доранд

Август 29, 2023 18:36

ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 август дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия маросими кушодашавии Анҷумани 2-юми ҷаҳонии ҷавонони Қазон баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсади асосии Анҷуман- муҳокимаи нақши арзишҳои анъанавӣ дар тарбияи ҷавонон дар ҷаҳони муосир мебошад.

Ба анҷуман ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардид.

Ёдовар мешавем, ки Анҷумани 2-юми ҷаҳонии ҷавонони Қазон то 30 август доир шуда, дар он зиёда аз 140 нафар аз 30 давлати дунё иштирок менамоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Август 29, 2023 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд