АВВАЛИН ТУҲФАИ МОДАР. Дар Тоҷикистон Даҳаи умумиҷаҳонии ғизодиҳӣ бо шири модар оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 01.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳои солҳои охир дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ гузаронида нишон медиҳанд, ки кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотие, ки бахшида ба Даҳаи кумак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар гузаронида шуд, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев иброз дошт.
Бояд гуфт, ки ҳамасола аз 1 то 7 август дар тамоми ҷаҳон Ҳафтаи дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар баргузор мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда, аз 1 то 10 август Ҳафтаи дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар таҳти шиорҳои гуногун гузаронида мешавад. Имсол чорабинии мазкур «Фароҳам овардани шароити мусоид барои синамаконӣ дар ҷойи кор» унвон гирифтааст, ки то 25 август идома меёбад. Коршиносон мақсад аз ин маъракаи тиббиро баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб, ҳамзамон огоҳии аҳолӣ нисбат ба дуруст ғизо додани кӯдакон арзёбӣ менамоянд.
Тавре сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев иброз намуд, дар ҷумҳурӣ вазъи саломатии кӯдакон, фавт дар байни онҳо то синни 1-2 солагӣ ва бахусус аз бемориҳои дарунрав (бемориҳои сироятии меъдаю рӯда) ва бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустӣ мебошад. Тадқиқот собит намудаанд, ки бемориҳои гуфташуда беш аз ҳама дар байни кӯдакони синни хурд вомехӯранд, ки ба таври сунъӣ ё омехта ғизо мегиранд. Сабаби он дар рӯзҳои аввал ва давоми то 6 моҳи аввали ҳаёти худ бо воситаи иловагии ғизохӯрӣ ва нӯшидан (шиша, пистонак ва дигар омилҳои сироятёфта) алоқа доштани навзод ва ҳамчунин аз пистони модар маҳрум будани ӯ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ моҳияти ин масъаларо ба назар гирифта, ҳанӯз соли 1994 дар соҳаи дастгирӣ ва ёрӣ дар синамаконии атфоли навзод корро оғоз карда буд. Аз соли 1998 сар карда, дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи муваффақонаи синамаконии атфол ҷорӣ шуда истодааст. Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат «Барномаи миллии коммуникатсионии «1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2025»-ро таҳия ва дар амал татбиқ намуда истодааст. 1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак- ин аз рӯзи ҳомиладорӣ то 2-солагии кӯдак ба ҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонӣ-руҳии кӯдаконро дар бар мегирад.
Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Антони Асиҷе мегӯяд, барои ҳар кӯдак синамаконӣ аввалин туҳфаи модар аст. Дар шаш моҳи аввал шири модар дорои тамоми маводи ғизоии барои кӯдак зарурӣ буда, тифлаконро аз сироятҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда муҳофизат ва дилбастагии байни модар ва кӯдакро мустаҳкам намуда, бемориҳои музминро дар кӯдакону модарон пешгирӣ менамояд. Ҳамзамон сатҳи беморӣ ва фавтро аз маризиҳои марбут ба камғизоӣ коҳиш дода, иқтидори даромаду маҳсулнокиро дар оянда меафзояд.
«Синамаконӣ на танҳо барои модарон ва кӯдакон муҳим аст, балки ин амал сармоягузории оқилона низ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти асосиро барои ташвиқу тарғиб ҷиҳати болобарии синамаконӣ ва боз ҳам беҳтар шудани шароит равона менамоянд»,- иброз дошт Антони Асиҷе.
Намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Шоира Юсуфова бар он назар аст, ки таваллуди кӯдак хурсандии беканор дар ҳаёти оила ва волидайн мебошад. Аз ин рӯ яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару модарон нисбат ба тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон- гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар, тарзҳои дуруст додани шири модар, омӯзонидани занҳои ҳомила ва ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар ин рӯзҳо мебошад. Ӯ мегӯяд, вобаста ба муҳимияти ин мавзуъ Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар самтҳои болозикр масъулинро дастгирӣ менамояд.
Бо дарназардошти он ки мавзуи имсолаи Даҳаи кумак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар ба «Фароҳам овардани шароити мусоид барои синамаконӣ дар ҷойи кор» бахшида шудааст, он аз роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳое, ки дар ин самт фаъолият менамоянд, масъулияти баланди роҳбарӣ ва коргузорӣ талаб менамояд. Инчунин роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳоро зарур аст, ки дар ҷойи кор ҷиҳати муҳайё намудани шароит барои занони ширмакон ҳаматарафа мусоидат намоянд.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






