Аз ҷониби «Тоҷиксуғурта» ба буҷети Тоҷикистон қариб 5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид

Август 5, 2023 16:49

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ба буҷети ҷумҳурӣ 4 миллиону 818 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  1 миллиону 338 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» хабар доданд.

Аз маблағҳои умумии пардохтшуда 1 миллиону 815 ҳазору  200 сомонӣ пардохти андозҳо, 2 миллиону 465 ҳазор сомонӣ пардохтҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва 537 ҳазору 800 сомонӣ пардохтҳои ҳатмии ба буҷет ирсолшаванда мебошанд.

Корхона барои шашмоҳаи дуюми соли 2023 нақшаи воридоти ҳаққи суғуртавиро аз рӯи ҳамаи намудҳои суғурта дар ҳаҷми 17 миллиону 352 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз рӯи шаклҳои суғуртаи ҳатмӣ  3 миллиону 162 ҳазор сомонӣ ва аз рӯи шаклҳои суғуртаи ихтиёрӣ 14 миллиону 190 ҳазор сомонӣ муқаррар намудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 5, 2023 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд