БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад

Август 26, 2023 16:25

МУЪМИНОБОД, 26.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  дар ноҳияи Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. Аз ин шумора 30 иншоот соли 2020 бо фарогирии беш аз 210 ҷои кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои маорифу тандурустӣ иборат мебошанд.

Ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Муъминобод аз ин ободкориҳо руҳияи тоза гирифта, мақсад доранд тамоми масъулиятро ба хотири дар сатҳи зарурӣ бунёд гардидани иншооти ҷашнӣ равона созанд.

Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Зафар Мирализода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, «марказҳои савдову хизматрасонӣ, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ аз ҷумлаи иншооти сохташаванда буда, дар ин замина барои бунёди якчанд иншооти дигар замина гузошта  мешавад. Сохтмони бинои муосири бойгонии байниидоравӣ дар маркази ноҳия аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ  «Хуҷаи Нур» идома  дорад. Мутобиқи лоиҳа, он аз ду ошёна ва 12 ҳуҷраи мутобиқ ба талаботи сохтори соҳа иборат буда, то 35-умин солгарди  ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  ба истифода дода мешавад.

Бо истифода додани  бинои  Бойгонии байниидоравӣ мушкили қаблии кормандони соҳаро, ки то ин  муддат дар бинои иҷора фаъолият менамуданд, бартараф месозад.

Ҳамин гуна, аз шумораи иншооти сохташаванда дар марказ ва ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия аз ибтидои сол то имрӯз 18-тои он ба истифода дода шудааст.

АКС: АМИТ  «Ховар»

Август 26, 2023 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд