БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад
МУЪМИНОБОД, 26.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. Аз ин шумора 30 иншоот соли 2020 бо фарогирии беш аз 210 ҷои кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои маорифу тандурустӣ иборат мебошанд.
Ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Муъминобод аз ин ободкориҳо руҳияи тоза гирифта, мақсад доранд тамоми масъулиятро ба хотири дар сатҳи зарурӣ бунёд гардидани иншооти ҷашнӣ равона созанд.
Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Зафар Мирализода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, «марказҳои савдову хизматрасонӣ, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ аз ҷумлаи иншооти сохташаванда буда, дар ин замина барои бунёди якчанд иншооти дигар замина гузошта мешавад. Сохтмони бинои муосири бойгонии байниидоравӣ дар маркази ноҳия аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Хуҷаи Нур» идома дорад. Мутобиқи лоиҳа, он аз ду ошёна ва 12 ҳуҷраи мутобиқ ба талаботи сохтори соҳа иборат буда, то 35-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Бо истифода додани бинои Бойгонии байниидоравӣ мушкили қаблии кормандони соҳаро, ки то ин муддат дар бинои иҷора фаъолият менамуданд, бартараф месозад.
Ҳамин гуна, аз шумораи иншооти сохташаванда дар марказ ва ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия аз ибтидои сол то имрӯз 18-тои он ба истифода дода шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






