БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 272 иншооти гуногун бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 13.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 272 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 августи соли 2023 51 фоизи иншоот ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар ноҳияи мазкур роҳбарияти вилояти Суғд бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъминоти сокинони деҳоти Сомониён ва Ҳаёти нав бо оби нӯшокӣ шинос гардид.
Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва аз ҷониби Котиботи байналхалқии захираҳои об бо харҷи 6,6 миллион евро ва дар муҳлати чор сол амалӣ шуда, бо татбиқи пурраи он 10 ҳазор нафар бо оби тоза таъмин мешаванд.
Дар Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав бо маблағгузории Сафорати Ҷопон сохтмони бинои нави таълимӣ идома дошта, он дорои 6 синфхона, утоқи омӯзгорон ва китобхона мебошад. Аснои боздиди роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки бинои нав барои 360 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Роҳбарияти вилоят сипас дар деҳоти Ғӯлакандози ноҳия дар маъракаи оғози корҳои мумфаршкунӣ иштирок намуд. Бо ташаббуси сокинони деҳот роҳи кӯчаи Маннон Латипов ба масофаи ду км мумфарш мешавад.
Густариши корҳои ободонӣ дар ноҳия гувоҳи он аст, ки сокинони меҳнатқарин барои таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд






