БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим бинои нозироти андоз ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сазовор таҷлил намудани 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим бинои замонавии Нозироти андози ноҳия ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи бинои Нозироти андози ноҳия намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд.
Ҳайати расмӣ ва меҳмонон бо утоқҳои корӣ ва корҳои анҷомдода шинос шуданд.
Ҳамчунин дар назди бинои Нозироти андози ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, иброз шуд, ки рушди босуботи ноҳия аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошим дарак медиҳад.
Бинои Нозироти андози ноҳия тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






