БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар ноҳияи Рашт 21 корхонаю коргоҳи саноатӣ сохта мешавад

Август 8, 2023 18:34

РАШТ, 08.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат (2022-2023) дар ноҳияи Рашт бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия бунёд ва ба истифода додани 275 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Давоми соли 2022 ва 6 моҳи соли равон 88 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар 117 иншооти дигар корҳои сохтмонию навсозӣ идома дошта, дар муҳлати муқарраргардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон 5 август зимни нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.

Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026» дар ноҳияи Рашт бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 21 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина соли 2023 дар ноҳия 5 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад. Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 17 миллиону 871,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар ноҳияи Рашт аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» амалисозии лоиҳаи сармоягузории «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» идома дода мешавад. Ҳамзамон давоми солҳои гузашта 65 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия бо 365 техникаи кишоварзӣ ба маблағи 3,3 миллион доллар таъмин шуда, сохтмони 11 хатти оби нӯшокии дигар дар арафаи анҷом қарор дорад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 8, 2023 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст