БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Ваҳдат 92 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бунёд мегардад

Август 15, 2023 13:14

ВАҲДАТ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Солҳои рушди  саноат (2022-2026) ва баҳри саноатикунонии шаҳри Ваҳдат дар шаш моҳи соли 2023 аз ҳисоби соҳибкорон  дар шаҳр нуҳ коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин давра дар 21 корхонаи саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шуд.  Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои расман сабтшуда  дар шашмоҳаи аввали соли равон 496 миллиону 566 ҳазору сомониро ташкил дод. Чунин иттилоъ дод ба хабарнигорон Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд ва ба истифода додани 808 иншоот, аз ҷумла 92 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 51 иншооти соҳаи  тандурустӣ, 119 иншооти соҳаи маориф, 23 иншооти варзишӣ, 24 иншооти фарҳангӣ, 212 иншооти хизматрасонӣ, 106 бинои истиқоматӣ ва дигар иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То ин давра 190 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар қисми зиёди  иншооти гуногун корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд.

Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат  18 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, сари вақт хомӯш гардид ва 17 нафар наҷот дода шуданд. Зарари молиявӣ аз сӯхтор 580,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳодисаи сӯхтор ва 464 ҳазор сомонӣ  зиёд мебошад. Амволи наҷотдода дар ин давра 4 миллиону 73 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 794 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 15, 2023 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд