Бинобар сӯхтори ҷангал дар Португалия беш аз 1000 нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд

Август 9, 2023 18:39

ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар сӯхтори ҷангал дар ҷануби Португалия 1400 нафар кӯчонида шуданд. Майдони зиёда  аз 1000 гектарро  сӯхтор фаро гирифтааст, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба Reuters.

Сӯхтори ҷангал, ки рӯзи шанбе дар музофоти Одемираи минтақаи Алентежу оғоз гардид, ба самти ҷануб ба сӯи Алгарве- яке аз маконҳои сайёҳии Португалия паҳн мешавад.

Дар маҷмуъ сокинони 19 деҳаи хурд, инчунин истироҳаткунандагони чор иншооти сайёҳӣ бо мақсади ҳифзи амнияташон ба дигар ҷойҳо кӯчонида шуданд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АБИ «Казинформ»

Август 9, 2023 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад