Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад

Август 25, 2023 13:21

ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давлатҳои мутараққӣ бояд ваъдаи ҷудо намудани $100 миллиардро ба кишварҳои пешрафта барои ҳалли мушкилоти тағирёбии иқлим иҷро намоянд. Тавре «Арменпресс» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, бо чунин даъват Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар нишасти БРИКС  сухан гуфт.

«Давлатҳои пешрафта дар ниҳоят бояд ваъдаҳои ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ додаро иҷро намоянд, барои мубориза бо тағйирёбии иқлим 100 миллиард доллар ҷудо намуда, маблағгузории равандҳои мутобиқшавӣ ба ин тағйиротро дучанд гардонанд ва фонди Иқлими сабзи СММ-ро такмил дода, барои ҷуброни талафоте, ки имсол ба амал омад, маблағ ҷудо намоянд», -изҳор дошт Антонио Гутерриш дар нишасти БРИКС.

Гутерриш таъкид дошт, ки кумак ба Африқо дар самтҳои номбаршуда афзалият дорад. «Ин масъалаи адолат аст», — илова намуд ӯ.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 25, 2023 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ироқ бар асари сӯхтор беш аз 100 нафар ҳалок шуданд
Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид
Дар Улан-Батор хуруҷи бемории вабои бубонӣ сабт гардид