Дар «Амонатбонк» ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи роҳбарии занон машварати омӯзишӣ доир гардид

Август 22, 2023 09:23

ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» дар «Амонатбонк» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки машварати омӯзишӣ ба баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи роҳбарӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занону духтароне, ки дар вазорату идораҳои давлатӣ фаъолият менамоянд, мусоидат менамояд.

Дар машварати омӯзишӣ кормандони масъули Кумитаи кор бо занон ва оила изҳор доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Таъкид шуд, ки имрӯз зан-модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии худ дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне пешрафти ҷумҳурӣ саҳми арзишманд мегузорад. Ин аст, ки сафи занону духтарони роҳбарикунанда сол то сол афзуда, онҳо бо илму хирад, соҳибмаърифатию соҳибхирадӣ, завқи баланд ва дилу виҷдони пок фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногун муваффақона пеш мебаранд.

Бо дастуру супориш ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи занону духтароне, ки дар «Амонатбонк» фаъолият мекунанд, рӯз то рӯз зиёд гардида, ҳоло 1377 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 47%-и шумораи умумии онҳо кормандони соҳибтахассус мебошанд. Занону духтарони «Амонатбонк» дар ҷавоб ба ҳама дастгириҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо садоқати баланд рисолати худро иҷро намуда, дар рушду пешрафти низоми бонкии мамлакат саҳми босазо гузоранд.

АКС: «Амонатбонк»

Август 22, 2023 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид