Дар Бадахшон барои беҳдошти шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт ва обёрӣ 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амал менамояд
ДУШАНБЕ, 27.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои беҳдошти шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт, обёрӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки маблағи то ба имрӯз азхуднамуда дар доираи ин лоиҳаҳо беш аз 1,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 703,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, давоми 6 моҳи соли 2023 94 корхона ва коргоҳҳои саноатии вилоят тибқи ҳисоботи оморӣ ба маблағи 93 миллиону 223 ҳазор сомонӣ истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониро ба роҳ мондаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз ё 4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






