Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид

Август 23, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар музофоти Шэнси дар шимолу ғарби Чин 11 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Телевизиони марказии Чин хабар додааст.

Мувофиқи иттилои ин ниҳод, ҳодиса шоми рӯзи душанбе дар кони ангишт дар наздикии шаҳри Янани музофоти Шэнси рӯй додааст.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳангоми рух додани ҳодиса тақрибан 90 нафар дар зери замин будаанд. 81 нафар ба боло баромада, 9 нафар зери харобаҳо мондаанд.

Ба ҳолати 22 август 9 коргаре, ки зери замин монда буданд, ҳалок шудаанд.

Ду нафари дигар, ки қаблан аз зери замин ба боло баромада буданд, бинобар ҷароҳатҳои вазнин фавтиданд. 11 нафари дигар дар беморхонаҳо қарор дошта, ба ҳаёти онҳо чизе таҳдид наменамояд.

Дар ҷои ҳодиса тафтиши вазъият ва сабабҳои ҳолати фавқулода идома дорад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 23, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ироқ бар асари сӯхтор беш аз 100 нафар ҳалок шуданд
Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид
Дар Улан-Батор хуруҷи бемории вабои бубонӣ сабт гардид