Дар шаҳри Кӯлоб ба оилаҳои ҳалокшудагон таъзия баён намуда, осебдидагони садамаи фоҷеабор аёдат шуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати нақлиёт, вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва дигар масъулин ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддиву молиявӣ расонида, барои табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешида истодаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ҳамзамон роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, шаҳри Ваҳдат ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беморони аз садамаи фоҷеабор зарардидаро аёдат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 6 август, тахминан соати 19:30, дар шаҳри Кӯлоб садамаи мудҳиши нақлиётӣ ба амал омад, ки дар натиҷа хисороти калони ҷонию молӣ ба бор овард.
Мошини боркаши тамғаи Дулани дорои ядак, рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» дар километри якум, дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб бинобар сабаби аз кор баромадани маҷмуи боздории (тормози) воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта, чандин нақлиётро бо мусофирон зер карда, ба ду хонаи истиқоматӣ зарар расонид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии амиқ ва ба захмиён шифои оҷил орзу намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






