Дар шаҳри Остона нимпайкараи файласуф ва табиби тоҷик Абӯалӣ ибни Сино гузошта шуд

Август 25, 2023 14:27

ДУШАНБЕ, 25.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маросими ифтитоҳи нимпайкараи олими тоҷик, шоир, файласуф ва табиб Абӯалӣ ибни Сино дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон доир гардид.

Дар маросими пардабардории аз рўи ин нимпайкара вазирони фарҳанги Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Ибни Сино- олим, файласуф ва табиби форс-тоҷик мебошад, ки дар асрҳои X-XI зиндагӣ намуда, дар Ғарб бо унвони «Авитсена» маъруф гардидааст.

Ибни Сино беш аз 450 рисола дар соҳаҳои гуногуни илм навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-тои он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар соҳаи пизишкӣ дахл доранд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз ҷумлаи бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафӣ буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то садаи XIX тадрис мешуданд.

Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзанда гузоштааст, ки онҳо аз таҷрибаҳои ӯ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари тибби замонавӣ ва дорушиносӣ шуморида мешавад.

Вай боз асосгузори мантиқи синоӣ ва мактаби фалсафии синоӣ аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 25, 2023 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид