Дар Улан-Батор хуруҷи бемории вабои бубонӣ сабт гардид

Август 10, 2023 12:21

ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Баянзурхи қисмати шарқии Улан — Батор хуруҷи бемории вабои бубонӣ сабт шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи чоршанбе ба ВАО-и маҳаллӣ муовини директори Маркази миллии омӯзиши сироятҳои зоонозии Муғулистон Бандихуугийн Амгаланбаяр хабар додааст.

Вабои бубонӣ бемории бактериявӣ буда, тавассути кайкҳо, ки дар бадани хояндаҳои ваҳшӣ, ба мисли суғур зиндагӣ менамоянд, мегузарад.

Бо вуҷуди он ки шикори суғурҳо дар Муғулистон мамнуъ аст, бисёр окинони мамлакат қонунро ба эътибор намегиранд ва гӯшти ин намуд ҳайвони ваҳширо таоми лазиз ва ба саломатӣ муфид меҳисобанд.

Мувофиқи маълумоти охирини Маркази миллии омӯзиши сироятҳои зоонозӣ, вабои бубонӣ дар 17 ноҳияи Муғулистон вомехӯрад. Хатари баланди сироятёбӣ аз он дар ғарби мамлакат мавҷуд мебошад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 10, 2023 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд