«ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…». Таҳти чунин унвон дар Самарқанд намоиши рассомони тоҷик ифтитоҳ гардид

Август 28, 2023 16:10

ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Самарқанд ба муносибати ҷашнҳои 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва фарҳангии Тоҷикистон ва Узбекистон намоиши мусаввараҳои бадеии рассомони тоҷик таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон…» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон иттилоъ доданд.

Намоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гузаронида шуд.

Инчунин дар доираи намоиш намояндагони Иттифоқи эҷодии рассомони Узбекистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳи қадимтарин навъи санъати рассомӣ–«Кундал» -ро ифтитоҳ намуданд.

Меҳмонон бо ҳунари рассомони шинохтаи тоҷик ва шогирдони онҳо, ки дар офаридани санъати кундал шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд, шинос шуданд. Дар намоиш асарҳои ниҳоят пурмазмун ва пур аз рамзҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки диққати тамошобинонро бештар ҷалб намуданд. Намоиши мазкур як ҳафта идома меёбад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

 

Август 28, 2023 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд