Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар «Russian judo tоur» дар Красноярск иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-7 август дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи «Russian judo tоur» баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи низомнома, дар рӯзи аввал варзишгарон дар вазнҳои -60кг, -66кг, -73кг байни мардҳо ва -63кг, -70кг, -78кг, +78кг байни занон сабқат мекунанд. Рӯзи дуюм мардҳо дар вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва занон дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг гӯштин мегиранд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 9 варзишгарро ба Красноярск сафарбар менамояд:
-73кг — Саидзода Иброҳим
-73кг — Бозоров Бахтиёр
-73кг — Сафаралиев Алиҷон
-73кг — Хоркашев Зикриоло
-100кг — Анварзода Эмомризо
-100кг — Раҳимов Исроил
-48кг — Қарчиева Шукрона
-57кг — Гулбоева Фазилат
-63кг — Одинаева Мавлюда
Дар мусобиқа тақрибан иштироки 250 варзишгар аз Русия, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Эрон, Муғулистон ва дигар давлатҳо дар назар аст.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






