«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Ин озмуне аст, ки дар он ҷавҳари дониш нуҳуфтааст

Август 24, 2023 18:25

ДУШАНБЕ, 24.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави мамлакат даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иштироки 3506 нафар довталаб идома дорад. Аз ҷумла, ин озмун дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» идома дошта, довталабон байни ҳам рақобат доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо иштирокчиёни озмуни имсола ҳамсуҳбат гардид.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе», омӯзгори пойтахт Мавлуда Каримова иштирокчии даври шаҳрии озмун аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани адибони классики тоҷик» мебошад. Ба гуфтаи ӯ, китоб хондан дар қалби инсон нуреро бедор мекунад, ки тавассути он метавон зиндагиро бо нигоҳи нав дид. Новобаста ба он ки ҳамсуҳбати мо худ кори хеле пурмасъулият бар дӯш дорад,  мегӯяд, ки «агар завқу рағбати китобхонӣ дошта бошӣ ва дилат барои хондан ҷӯш занад, дар дилхоҳ кору масъулият фурсати китобхонӣ ёфта метавонӣ».

Зеро ба гуфтаи ӯ, китоб ганҷинаи дониш, маҳзани умеду орзуҳо ва роҳнамои инсонҳо мебошад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст». Дуруст аст, ки шахси китобхон хеҷ вақт дар торикиву душвориҳои зиндагӣ ноумед намешавад, чунки маҳз панду андарзҳои китобро роҳнамои худ дар зиндагӣ меҳисобад.

Мавсуф мегӯяд, ки ба шарофати ин озмун солҳои охир тамоми қишри ҷомеа китобхон гардид. «Имрӯзҳо тамоми китобхонаҳо пур аз хонанда аст, ҳатто дар ҳар хонадон аҳли хонавода китобхон шудаанд. Онҳо сарҷамъ шуда, китоберо варақгардон карда, атрофи он бо ҳам соатҳо суҳбат мекунанд, ки нишони соҳибмаърифатии ҷомеа аст».

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, фарқияти озмуни имсола он аст, ки дар он иштироки омӯзгорон бештар ба назар мерасад. Онҳо низ дар қатори шогирдонашон бо майлу рағбати зиёд маҳорат нишон медиҳанд.

Донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Лола Абдуллоева дар номинатсияи «Адабиёти классики тоҷик» байни довталабон рақобат дорад. Ӯ соли сеюм аст, ки бо завқи зиёд тавассути иштирок дар ин озмун донишу маҳорати худро сайқал медиҳад. Тавре мегӯяд, «озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сабқате ба манфиати давлату миллат аст. Вижагии озмун дар он аст, ки касе дар он мағлуб намешавад, зеро он ҷавҳари донише, ки омӯхтааст, дар зиндагӣ ба ӯ ҳатман даркор мешавад».

Лола Абдуллоева ба ин озмун омодагии хуб дидааст. Тибқи низомнома, ӯ 200 ғазал, 200 рубоӣ ва дубайтӣ, 200 байт аз достон, 150 байт аз қасида, 100 байт аз навъҳои гуногуни шеърӣ аз бар ва 50  асари бадеӣ низ мутолиа намудааст.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 феврали соли 2023 барои баргузории Озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт барои соли 2023  2 467 400 (ду миллиону чорсаду шасту ҳафт ҳазору чорсад) сомонӣ ҷудо гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 24, 2023 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН. Дар Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»