ФУТБОЛ. Дар даври 16-уми Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон дастаи «Хатлон» ба «Равшан» ва «Истиқлол» ба «Регар-ТадАЗ» ғолиб омаданд

Август 9, 2023 19:36

ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 август се  вохӯрии даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар сатҳи баланд  баргузор гардид. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар ин даври мусобиқа бо ҳисоби калон бар дастаи   «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  зафар ёфта, дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  дастаи   «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро шикаст дод. Дастаҳои футболи  «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор  ва КМВА дар шаҳри Душанбе бозиашонро мусовӣ анҷом доданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. 

Дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар бозии даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 бо ҳисоби 2 бар 1 бар дастаи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб пирӯз шуда, силсилаи ҳафт вохӯрии бебарори худро қатъ намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар дар ҳузури 2 000 нафар мухлис доир гардид. Голҳоро дар ин бозӣ аз ҳайати дастаи  «Хатлон» Крис Эммануэл Какоу дар дақиқаи 32-юм ва Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 45+3 ба  нишон  расониданд. Аз ҳайати дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ягона голро Ҷозеф Акомади дар дақиқаи 81-ум ба нишон расонид. Аз ҳайати дастаи   «Хатлон» – Аҳлиддин Ҳабибуллоев беҳтарин бозингари вохӯрӣ эътироф гардид.

Дар бозии дигари даври 16-ум дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе ба муқобили  дастаи  «Ҳосилот» –и ноҳияи Фархор мусовӣ- 0 бар 0 бозӣ кард. Аз ҳайати “артишиҳо” – Бакинде Билонг Ҷерард беҳтарин бозингари вохӯрӣ эътироф гардид.

Дар бозии дигари даври 16-уми Лигаи олӣ дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобат нишон додан два бозӣ бо ҳисоби калони  5 бар 0 ба нафъи футболбозони шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Голҳоро дар ин бозии ҷолиб  Сенин Себаи дар дақиқаи 28-ум, Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 74-ум, Алиҷони Айнӣ дар дақиқаи 79-ум, Амадонӣ Камолов дар дақиқаи 84-ум ва Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 90+1 ба  нишон  расониданд.

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ аз ҳайати дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Алишер Ҷалилов дониста шуд.

Хотиррасон мешавем, ки имрӯз бозиҳои дигари даври 16-ум баргузор мегарданд. Дастаҳои  футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Эсхата»  вориди майдони рақобат мегарданд.

Дар ҷадвали мусобиқа ҳоло дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   бо 33 имтиёз  қарор дорад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 9, 2023 19:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид