ФУТЗАЛ. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо «Араз-Нахчевон» бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Август 15, 2023 18:46

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо чемпиони бисёркаратаи Озарбойҷон- дастаи футзали «Араз-Нахчевон» ду бозии дӯстона анҷом медиҳад, хабар додааст шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаҳои футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Араз-Нахчевон»-и Озарбойҷон барои баргузории ду бозии дӯстона ба мувофиқа расиданд. Ҳар ду бозӣ 16 ва 17 август дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешаванд. Ҳайати дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе имрӯз тавассути шаҳри Тошканд озими Ҷумҳурии Озарбойҷон мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки дастаи футзали «Араз-Нахчевон»-и Озарбойҷон яке аз дастаҳои пурқуввати Аврупо буда, ду маротиба ба даври нимниҳоии Ҷоми футзали УЕФА баромада, чемпиони 17-каратаи Озарбойҷон оид ба футзал, иштирокчии Лигаи қаҳрамонҳои футзали УЕФА аст.

                                                                                              АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 15, 2023 18:46

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд