Гурӯҳи корӣ вобаста ба Шоҳроҳи бузурги абрешим: долони Фарғона — Сирдарё ҷаласаи навбатии онлайнӣ баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ вобаста ба таҳияи номинатсияҳо оид ба пешниҳоди ёдгориҳои таърихию фарҳангии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Фарғона -Сирдарё» дубора ба кор оғоз намуд. Дирӯз, 8 август аз ҷониби котиботи долон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ дар шакли онлайнӣ баргузор шуд. Дар ин хусус сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳангӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО Мирзошариф Абдусаломов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ин ҷаласаи онлайнӣ ҷониби Тоҷикистонро ҳамзамон сармутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ва бостоншиноси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намояндагӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа паҳлуҳои гуногунҷабҳа ва масъалаҳои ҷойдоштаи парвандаҳои номинатсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур дар шакли силсиланомтнатсия буда, ба он ёдгориҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон шомил ҳастанд.
Аз ин шумора дар рӯйхат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ёдгории таърихӣ, Узбекистон- 18, Қирғизистон- 8 ва аз Қазоқистон 8 ёдгории таърихӣ пешниҳод шудааст.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






