ГУЗОРИШ АЗ МИНСК. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Беларус аввалин медалҳоро ба даст оварданд

Август 7, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил медалҳои аввалини худро ба даст оварданд. Дар ду рӯзи аввали мусобиқаҳо дзюдочиёни тоҷик  ду медал  ва дар намуди гӯштии юнониву румӣ як медалро соҳиб шуданд, хабар медиҳанд мухбирони АМИТ Ховар аз Минск.

Дар ин бозиҳо қариб 130 варзишгар ва мураббиён аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд, ки 24 нафарашон  занон мебошанд.

Варзишгарон тоҷик аз рӯи 13 намуди варзиш, аз қабили бокс, гӯштини озод, гӯштини юнону румӣ, каратэ, варзиши сабук, самбо, стритбол, шиноварӣ, тирандозӣ ва ғайра қувва меозмоянд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 5 август дар  шаҳри Минск маросими ифтитоҳи Бозиҳои II кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

Ин маросими бошукуҳ ба варзишгарон, мураббиён,  аъзои ҳайатҳои расмӣ, мухлисон ва тамошобинон имкон дод, ки дар ин маъракаи калонтарини варзишӣ бевосита иштирок намоянд.

Гузашти варзишгарони кишварҳои иштироккунандаи бозиҳо ва барафрохтани парчамҳои Беларус ва ИДМ аз ҷониби варзишгарони шинохтаи  Беларус дар яке аз майдонҳои асосии Минск – «Минск Арена» баргузор гардид.

Бозиҳои расмӣ бо барномаи консертӣ бо иштироки хунармандони шинохта, гурӯҳҳои рақсӣ ва бо чароғҳои инноватсионӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса пешкаши тамошобинон гардид.

Дар ин мусобиқаи муҳим варзишгарон аз 23 давлати ҷаҳон қувваозмоӣ менамоянд. Варзишгарон бо мусиқӣ ва рақси ба давлати худ хос муаррифӣ гардиданд.

Президенти ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ҳозиринро бо оғози бозиҳо табрик гуфта, ба роҳбарони кишварҳои ИДМ ва давлатҳои дигар барои эътимод ва иштироки фаъолона миннатдорӣ баён намуд.

«Ин бозиҳо ояндаи бузург доранд ва ин оянда дар дасти худи мо аст. Ин бозиҳо ба варзишгарони дигар давлатҳо имкон медиҳанд, ки бо ҳам дӯстиву бародариашонро  кавитар сохта, кишварҳоро  муттаҳид намоянд», — гуфт Александр Лукашенко ва ба тамоми варзишгарон пирӯзӣ орзу намуд.

Хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар ҷараёни маросим бо варзишгарони тоҷик ҳамсуҳбат гардиданд.

«Мо, аъзои дастаи Тоҷикистон дар намуди камонварӣ барои иштирок ба ин мусобиқа омада, дар шаҳри Минск қувваозмоӣ менамоем. Мусобиқаҳо аз рӯи ин намуди варзиш аз  6 то 9 август баргузор мегарданд. Ман боварӣ дорам, ки дар ин бозиҳо дастаи Тоҷикистон натиҷаҳои хуб нишон дода, давлатамонро ба таври муносиб муаррифӣ менамояд», — баён дошт  Анора Лобутенко.

Иштирокчии дигари ин бозиҳо- Ясмина Искандарова хабар дод, ки мусобиқа барои онҳо аллакай 4 август оғоз гардид. «Рӯзҳои аввали мусобиқа хеле душвор буданд, рақибон омодагии хуб дидаанд, аммо мо низ аз онҳо паст намеоем, зеро боварӣ дорем, ки пирӯзӣ насиби мо мегардад. Варзишгарони тоҷик низ омодагии ҷиддӣ дидаанд ва чойҳои намоёнро ишғол хоҳанд намуд», — ибрози андеша намуд варзишгар.

Хотиррсон  мекунем, ки мусобиқаҳо дар 11 шаҳри мухталифи Беларус баргузор гашта истодаанд.  Ҳадафи асосии бозиҳои навбатӣ- васеъ намудани ҷуғрофиёи мусобиқа ва ба сатҳи баланд бардоштани варзиш дар минтақаҳо мебошад. Бозиҳои имсола дар шаҳрҳои Минск, Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилев, Молодечно, Орша ва Солигорск гузашта истодаанд.

Лайло ТОИРӢ
Елена БАТЕНКОВА
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Август 7, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд