ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Август 17, 2023 07:40

 Дарвоз ба номи зебои худ муносиб буда,
дар замони исти
қлолияти давлатӣ ба дарвозае табдил ёфтааст,
ки
тамоми қисматҳои кишварро ба ҳам пайваста, инчунин,
тавассути
ҳудуди он равобити гуногунҷабҳаи кишварҳои
ҳ
амсоя бо Тоҷикистони азизи мо торафт густариш меёбад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Дарвоз яке аз минтақаҳои бостонӣ ва хушманзари давлати  азизамон буда, аз замонҳои қадим бо мардуми ҳунарманду қавиирода, заҳматпешаву меҳмондўст, олиҳиммату самимӣ, бозавқу маърифатпарвар маълуму машҳур мебошад. Ҳар нафаре, ки боре меҳмони ин диёри зебоманзар шуда бошад, ба ин боварӣ ҳосил менамояд.

Шаҳодати қадимӣ будани ин сарзамин дар соли 2012 кашф шудани бозмондаҳои шаҳри бостонии Карон маҳсуб меёбад. Корҳои минбаъдаи ҳафриётӣ маълум намуданд, ки дар ин шаҳр бинову маъбадҳои бошукўҳ мавҷуд буда, мардум аз асрҳои пеш аз мелод, то қарнҳои XV-XVI умр ба сар мебурдаанд.

Дар давоми таърихии тўлонии худ сарзамини Дарвоз ҳаводиси зиёдеро паси сар карда, дар ҳайати Тоҷикистон соли 1930  бо номи Қалъаи Хумб ба ҳайси ноҳия ташкил ёфт ва соли 1991 ба он номи таърихияш – Дарвоз баргардонда шуд.

Рўйдоду ҳодисоти таърихии Дарвоз ба мисли минтақаҳои дигари мамлакати азизамон гуногунранг буда, гоҳ ба рушди нисбии он мусоидат кардаанд ва гоҳе ба таназзули он оварда расонидаанд.

Аммо рушду инкишофи бесобиқаи ноҳияи Дарвоз ба замони соҳибистиқлолии давлати азизамон рост меояд. Маҳз дар даврони истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳияи Дарвоз куллан дигаргун гаштааст.

Оғоз аз давраи созандагӣ дар мамлакат, ки ба аввали солҳои дуҳазорум рост меояд, дар ноҳияи Дарвоз садҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, ба истифодаи сокинон ва меҳмонони ноҳия супорида шудааст.

Лозим ба таъкиди махсус аст, ки ҳар як ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дарвоз ба рушду пешрафти он мусоидат намуда, боиси рўҳбаландии сокинони ҳимматбаланду заҳматқарини ноҳия мегардад.

Ташрифи навбатии Сарвари давлат ба ноҳияи Дарвоз, ки санаи 15 августи соли 2023 ба вуқўъ пайваст, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.

Зимни сафари кории худ Сарвари давлат бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқоти пурмуҳтаво анҷом дода, аз иншооти бунёдшаванда боздид ба амал оварданд ва як қатор иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуданд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб — Ванҷ, сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон” оғоз ёфт. Сохтмон ин қитъаи роҳ, ки 109 километрро дар бар мегирад, дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи дорои аҳаммияти байналмилалии Душанбе-Қулма амалӣ гашта истодааст. Корҳои сохтмонии онро Роҳбари давлат зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз соли 2021 ҳусни оғоз бахшида буданд, ки то имрўз 14,5 километр корҳои заминии он анҷом пазируфта, дар 45 километрии роҳ корҳо тибқи нақшаи тасдиқшуда дар давраи анҷомёбӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин қитъаи роҳ 648 нафар коргарону мутахассисон заҳмат кашида, бо шуғли пурмаҳсул таъмин ҳастанд.

Хотирнишон намудан бамаврид аст, ки роҳу роҳсозӣ, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ривоҷу равнақ ёфта, бомаром идома дорад, аз сиёсати хирадмандонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон намуданд. Дар ин самт, мардуми мо ба дастовардҳои беназир ноил гардида, Тоҷикистонро ба як давлати воҳид табдил дод. Чунонки Пешвои миллат худ таъкид менамоянд «шабакаи роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат куллан тағйир ёфт. Он аз як шабакаи нопурраи бунбастии дохилӣ ва якҷонибаи мавсимӣ ба шабакаи доимӣ дар дохили кишварамон ва кишварҳои ҳамсарҳад мубаддал гардид ва хушбахтона, имрўз Тоҷикистон ҳамчун давлати транзитӣ шинохта мешавад».

Воқеан вусъати корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб — Ванҷ, сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон” баҳри босамар истифода кардани зарфиятҳои бузурги Тоҷикистон ба ҳайси кишвари транзитӣ қадами ҷиддие ба пеш мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ рушди ҳамаҷонибаи самтҳои иҷтимоӣ – илму маориф ва фарҳангу тандурустиро дар меҳвари сиёсати фарҳангпарваронаи худ қарор додаанд. Дар ин замина, мамлакати мо ба комёбиҳои бузург ноил гардида, аз он ҷумла танҳо дар доираи таҷлили 30-солагии истиқлоли давлатӣ беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Дар ин самт, корҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии таҷлили истиқлоли давлатӣ боз ҳам вусъат ёфта истодаанд, ки мисоли намоёни онро мо дар бунёд ва бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ намудани «Майдони ромишгарон», бинои хуштарҳу замонавии Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат ва муаррифии лоиҳаи бинои нави Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз мебинем.

Дар «Майдони ромишгарон» муҷассамаи арбобони бузурги санъат, ки зодагони диёри бостонии Дарвоз мебошанд – Борбад, Акашариф Ҷўраев ва Абдулло Назрӣ қад афрохтаанд. Ин хунёгарони барҷаста дар рушди санъати  классикиву муосири тоҷик саҳми ниҳоят бузург дошта, майдони мазкур ба хотири гиромидошти онҳо, бо ибтикори  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст.

Ҳамзамон, ин ташаббуси фарҳангпарваронаи Сарвари давлат дар баробари гирмидошти ин шахсиятҳои барҷаста, ба боло рафтани маърифати фарҳангӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.

Бинои муҳташаму замонавии сеошёнаи Гимназияи № 1 барои хонандагони болаёқат, дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, туҳфаи хубе ба толибилмони ноҳия мебошад.  Ин даргоҳи маърифат, ки бо ибтикори Сарвари давлат бунёд шудааст, бо кабинетҳои фаннӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим заминаи устувор мегузорад. Дар ин асос, бамаврид аст суханони Сарвари давлатро дар он хусус, ки яке аз ду «проблемаи асосии ҳалталаби соҳаи маориф баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар» мебошад, ёдрас намоем.

Ҷиҳати татбиқи ин дастури Пешвои миллат дар гимназияи мазкур беш аз 50 нафар омўзгори соҳибтахассус фаъолият менамояд. Бояд гуфт, омўзгор на танҳо ба толибилмон донишу савод медиҳад, балки вай ба таъкиди Роҳбари давлат «чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф гардидааст».

Аз ин рў, сохта ба истифода дода шудани ин боргоҳи илму маърифат дар ташаккули ҳувияти миллии насли наврасу ҷавон аҳаммияти бузурги иҷтимоӣ дошта, дар замири онҳо эҳсоси гарми ватанпарвариро бедор менамояд.

Маълум аст, ки солҳои охир бо сабаби пайдо ва паҳн шудани бемориҳои хавфноки сироятӣ масъалаҳои тандурустӣ ва солимии ҷомеа ба мадди аввал баромадаанд. Аз ин лиҳоз, Роҳбари давлат пайваста таъкид месозанд, ки «мо ба солимии чомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем».

Аз рӯй лоиҳа бинои нави Беморхонаи марказӣ, ки аз се ошёна иборат буда, бо сад адад кати хоб таъмин хоҳад шуд, дар амалисозии ин таъкиди Сарвари давлат иқдоми саривақтӣ ба ҳисоб рафта, барои сокинони Дарвоз туҳфаи арзишманд аст. Баҳри самарнок ва натиҷабахш гардидани фаъолияти рўзмарраи табибон, дармонгоҳ  бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз шуда, мушкилоти беморон осон хоҳад гардид.

Дар баробари муассисаҳои иҷтимоӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи иншооти дигар дар ноҳияи Дарвоз, аз ҷумла дидбонгоҳи сарҳадии «Қалъаи Хумб» дар отряди сарҳадии «Дарвоз» иштирок намуда, инчунин ба таври маҷозӣ дидбонгоҳии муосири сарҳадӣ дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рўшон, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Панҷро маврид истифода қарор доданд, ки ибтикори муҳимму зарурӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун,тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ амнияти давлату ҷомеа ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ба шумор мераванд.

Дар ин маврид Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки «амалишавии мақсадҳои стратегии мо, корҳои созандаву ободгарона ва пешрафту тараққиёти кишвар маҳз дар фазои орому осоишта, ваҳдату сарҷамъӣ ва адолату қонуният имконпазир мебошад».

Зимни сафари корӣ Пешвои миллат аз намоиши дастовардҳои сокинони ноҳияи Дарвоз дар Маҷмааи сайёҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуда, бо маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ, занбўриасалпарварӣ, парвариши моҳии сурх, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Дарвоз дар заминаи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 – «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, ки яке аз онҳо бунёд ва ба истифода дода шудани Маҷмааи сайёҳию истироҳатии «Чорчаман» мебошад. Имрўз ин  мавзеи зебо аз маконҳои писандидаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб рафта, бо табиати зебоманзар таваҷҷуҳи чи сокинон ва чи меҳмонони ноҳияро ба худ ҷалб менамояд.

Чунонки дар боло ёдрас намудем ва бори дигар бамаврид аст тазаккур диҳем, ки ҳар як ташрифи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз он ҷумла ноҳияи зебоманзари Дарвоз на танҳо ба ободиву пешрафти ҳар яки онҳо, балки дар маҷмуъ, рушду нумуи Ватани азизамон такони ҷиддӣ мебахшад, ки мисоли боризи онро дар ифтитоҳ ва ба истифода супоридани иншооти болозикр, ки ҳама ба нафъи мардум мебошанд, баръало мушоҳида менамоем.

Масрур АБДУЛЛОЗОДА
мушовири бахши ёрдамчии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 17, 2023 07:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид