Коргоҳи дӯзандагии «Ёсуман»-и ноҳияи Мастчоҳ барои 8 муассисаи таълимӣ либоси мактабӣ истеҳсол менамояд
ДУШАНБЕ, 13.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи дӯзандагии «Ёсуман» дар асоси фармоиш ва тибқи шартнома бо муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат барои 8 муассисаи таълимӣ бо фарогирии беш аз 5 ҳазор нафар хонандагон либоси мактабӣ истеҳсол менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Роҳбарияти ноҳия зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ барои истеҳсоли босифати либоси мактабӣ ба масъулини коргоҳ дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Ҳамзамон барои васеъ намудани доираи фаъолият ва ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои гуногун ба муассиси корхона, ки соҳибкори маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов мебошад, тавсияҳо дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки коргоҳи мазкур 7 июли соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта, самти фаъолияти он ба дӯхти либоси миллӣ ва мактабӣ равона гардидааст.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






